Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Олмон мегӯяд, ба гуфтугӯҳои Меркел аз соли 2002 гӯш медодаанд


Ангела Меркел

Ангела Меркел

Дар як гузорише, ки Олмон ба нашр расонд, гуфта мешавад, ки ожонсиҳои кашфи Амрико аз соли 2002 ба ин сӯ ба гуфтугӯҳои Ангела Меркел аз тариқи телефони ҳамроҳи вай гӯш медодаанд. Дар ин гузориш, ки дар маҷаллаи “Der Spiegel” ба нашр расидааст, Барак Обама гуфтааст, ки ба қатъи гӯш додани гуфтугӯҳои телефонӣ дастур хоҳад дод, агар чунин кор анҷом гирифта бошад.

Маҷаллаи мазкур дар ин мақола як санади махфӣ аз соли 2010-ро намуна оварда гуфтааст, ки Ожонси Амнияти Миллӣ дар саросари ҷаҳон дар 80 ҷой, аз ҷумла дар Берлину Порис ва Мадриду Прага бо ин кор машғул будааст.

Ин намунаҳоро дар ҳоле ба нашр мерасонанд, ки мақомоти расмии кашфи Олмон барои сафар ба Вашингтон ва баррасии фаъолияти хадамоти кашфи Амрико омодагӣ мегиранд. Қарор аст ин музокирот ҳамин ҳафта баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG