Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон дар қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон 29-ум шуд


Комроншоҳи Устопириён

Комроншоҳи Устопириён

Мусобиқоти қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон миёни навҷавонон дар Словения ҳамаи ғолибонро дар рақобатҳои инфиродӣ муайян кард.

Дар ин мусобиқот, ки дар Любляна баргузор шуд, 607 нафар навҷавонону духтарони синнашон то 21-сола аз 74 кишвар ширкат доштанд. Ин охирин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2013 ба шумор мерафт. Маблағи ҷавоизи мусобиқот 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод.

Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқот Тоҷикистонро Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг намояндагӣ кард. Вай, ки аз даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Герго Фогаси аз Маҷористон ва дар даври севум бар Кунг Ҷин Ҳан аз Кореяи Ҷанубӣ пирӯз шуд. Вале ӯ дар даври баъдӣ аз Патрик Сиечомски аз Лаҳистон мағлуб гашт. Сипас Комроншоҳ бар Михаил Марчитан аз Имороти Муттаҳидаи Араб дастболо шуд. Вале гуштигири тоҷик барои медали биринҷӣ аз Ҳенрике Силва аз Бразилия шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми панҷумро касб кард.

Дар вазни то 90 кг Бека Гвинашвили, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Самад Яссен аз Қазоқистон ғалаба кард, ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Патрик Сиечомски ва Ҳенрике Силва ҷойҳои севумро соҳиб шуданд.

Дар ин мусобиқот намояндагони 24 кишвар соҳибони медалҳо гардида, варзишгарони 12 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз шуданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 3 медали тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ дар мақоми аввал ҷой гирифт. Русия бо касби 3 медали тилло ҷойи дувум ва Олмон бо касби 5 медал (1+1+3) ҷойи севумро соҳиб шуданд. Тоҷикистон бо як имтиёз барои ҷойи панҷуми Комроншоҳи Устопириён мақоми 29-умро касб кард.

Рӯйхати ғолибону ҷоизадорони мусобиқот

Навҷавонон

-55 кг

1. МАНКВЕСТ Винсент (Фаронса)
2. МАИТА Армандо (Венесуэла)
3. ЧЕЛИДЗЕ Лери (Гурҷистон)
3. ТОРРЕНТЕ Виктор (Бразилия)

-60 кг
1. АН Баул (Кореяи Ҷанубӣ)
2. УРОЗБОЕВ Диёрбек (Узбакистон)
3. КАБА Аҳмад Сахин (Туркия)
3. ОШИМА Юма (Ҷопон)

-66 кг
1. ХАШИГУЧИ Юуки (Ҷопон)
2. ТАТЕЯМА Шо (Ҷопон)
3. ГОМБОК Адриан (Словения)
3. МОРЕИРА Джереми (Фаронса)

-73 кг
1. ЭСПОЗИТО Антонио (Италия)
2. ШОМУРОДОВ Сарвар (Узбакистон)
3. МЕНДЕС Габриэль (Бразилия)
3. МОУСТОПОУЛОС Роман (Юнон)

- 81 кг
1. НТАНАТСИДИС Алексиос (Юнон)
2. КОХАРА Кениа (Ҷопон)
3. МЕҲДИЕВ Маммадалӣ (Озарбойҷон)
3. РЕССЕЛ Доминик (Олмон)

-90 кг
1. ГВИНАШВИЛИ Бека (Гурҷистон)
2. ЯССЕН Самат (Қазоқистон)
3. СИЕЧОМСКИ Патрик (Лаҳистон)
3. СИЛВА Ҳенрике (Бразилия)

-100 кг
1. РЕЙС Кэйл (Канада)
2. КИМ Ли Хюн (Кореяи Ҷанубӣ)
3. НИКИФОРОВ Тома (Белгия)
3. ОГАВА Рюко (Ҷопон)

+100 кг
1. КРИВОБОКОВ Антон (Русия)
2. УЛЗИИБАЯР Дууренбаяр (Муғулистон)
3. МАТИАШВИЛИ Левани (Гурҷистон)
3. СИЛВА Руан (Бразилия)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG