Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар интихоботи Чехия сотсиал-демократҳо дар сафи пеш қарор доранд


Интихоботи ҷумҳурии Чех, Боҳуслав Соботка

Интихоботи ҷумҳурии Чех, Боҳуслав Соботка

Шумориши бештар аз нисфи баргаҳои рай нишон медиҳад, ки дар интихоботи порламонии ҷумҳурии Чех нируҳои марказгарои чап натиҷаҳои беҳтар ба даст овардаанд. Дар ҳоле, ки 80 дарсади оро шумурда шудааст, Ҳизби сотсиал-демократ ба раҳбарии вазири пешин Боҳуслав Соботка 21 дарсад рай гирифтааст ва дар зинаи аввал қарор дорад. Дар зинаи дуввум ҳизби “Ано” ё “Бале” бо 19 дарсади оро ба раҳбарии миллиардер Андрей Бабиш ҷой гирифтааст ва зинаи севвумро бо 15 дарсади оро ҳизби Куммунист ба раҳбарии Войтех Филип аз они худ кардааст.

Назархоҳиҳо нишон медиҳад, ки ҳизби Сотсиал-Демократ бештари курсиҳоро дар порламон ишғол хоҳад кард ва мардуми чех ҳизбҳои ростгароро ба истилоҳ “муҷозот” кардаанд, зеро дар 7 соли гузашта онҳо будҷаро бераҳмона кам карданд ва бо ришвахорӣ ном бароварданд.

Ҳоло Сотсиал-Демократҳо ба эътилоф ниёз доранд ва назархоҳиҳо нишон медиҳад, ки мумкин аст онҳо бо куммунистҳо эътилоф банданд. Агар чунин шавад аз соли 1989 бори аввал намояндагони куммунистҳо вориду ҳукумат мешаванд.
XS
SM
MD
LG