Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 26-уми октябр се бозии даври 18-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бозиро бо тими “Энергетик”-и Душанбе бо ҳисоби 0-0 анҷом дод. Дар ин бозӣ капитани “Истиқлол” Дилшод Восиев, ки дар нимаи дувум ба майдон омад, дар дақиқаи 59-ум тӯбро аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонида натавонист. Тӯбро Миралӣ Муродов, дарвозабони «Энергетик» баргардонд.


Олег Ширинбеков, сармураббии «Истиқлол», дар нишасти матбуотӣ баъд аз бозӣ ба хабарнигорон гуфт: «Мо дар бозии имрӯза аз вазъиятҳои хуби голзанӣ истифода карда натавонистем. Агар як гол мезадем, бозӣ ранги дигар мегирифт. Гол задан даркор. Касе, ки гол мезанад, ғолиб мешавад. Мутаассифона, мо ин корро карда натавонистем. Ба ҷуз ин, ман фикр мекунам, мо ба бозие, ки бояд мебурдем, хуб сафарбар нашуда будем.»

Ҳамид Каримов(аз чап) ва Олег Ширинбеков

Ҳамид Каримов(аз чап) ва Олег Ширинбеков

Ҳамид Каримов, мураббии калони «Энергетик», дар бораи ин бозӣ чунин ибрози назар кард: «Мо ба ин бозӣ хуб омодагӣ дидем ва аз бозии кушода бо рақиб даст кашидем. Бинобар ин таваҷҷӯҳи мо бештар ба хатти дифоъ равона шуда буд. Мо аз натиҷаи бозӣ қаноатмандем, зеро ки баъди ду бохти паиҳам як имтиёз ба даст овардем. Ба бачаҳо барои фидокориашон ташаккур мегӯям ва ба «Истиқлол»дар бозиҳои боқимонда барори кор мехоҳам.»

Дар бозии дигар “Истаравшан”-и Истаравшан дар майдони худ аз “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо ҳисоби 0-2 шикаст хӯрд. Голҳоро дар нимаи дувуми бозӣ Манучеҳр Аҳмадов (61) ва Юсуф Рабиев (64) ба дарвозаи мизбонон ворид карданд.

Бозии «Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо дастаи меҳмон – “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби мусовии 1-1 ба охир расид. Ба голи дар дақиқаи 16-ум задаи Кароматулло Саидов, бозигари ҷавони «Вахш», Комрони Мирзохон, ҳамлагари «Парвоз», дар нимаи дувуми дидор ҷавоб гардонд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон бозии даври 18-уми мусобиқот миёни дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва ССКА “Помир”-и Душанбе бинобар баргузории чорабиниҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб дар доираи сафари кории раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин минтақа ба мӯҳлати дигар - 7-уми ноябр гузаронида шуд.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот “Истиқлол” ва "Равшан” бо 34-имтиёзӣ пешсафанд. Вале “Истиқлол” нисбат ба рақиби аслиаш барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ ду бозӣ бештар гузарондааст. «Хайр»-и Ваҳдат бо 26 имтиёз дар ҷойи севум ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 23 имтиёз дар ҷойи чорум қарор доранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот


Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Тӯбҳо И
1. «Истиқлол» 14 11 1 2 37-6 34
2. «Равшан» 12 11 1 0 18-3 34
3. «Хайр» 14 7 5 2 22-13 26
4. «Регар-ТадАЗ» 13 7 2 4 18-14 23
5. «Хуҷанд» 14 4 5 5 13-15 17
6. «Энергетик» 15 4 4 7 13-19 16
7. «Парвоз» 13 3 5 5 11-20 14
8. «Вахш» 13 2 3 8 5-13 9
9. ССКА «Помир» 13 1 4 8 7-17 7
10. «Истаравшан» 12 1 2 9 7-29 5

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни Сӯҳробӣ («Хайр”/ ”Истиқлол”) – 11 тӯб, Дилшод Восиев («Истиқлол») – 7 тӯб, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”), Александр Кудряшов («Истиқлол») ва Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) – 5-тӯбӣ.

Бозиҳои мавқуфгузоштаи даври 16-ум

30-юми октябр (чоршанбе)
Оғози бозиҳо – соати 15:00

«Истиқлол» - «Парвоз»
«Вахш» - «Хуҷанд»
«Хайр» - «Регар-ТадАЗ»
«Равшан» - «Истаравшан»

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG