Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон мегӯяд, ки 16 "шӯришӣ"-ро ба дор кашидааст


Эрон 16 нафар “шӯришиён”-еро, ки дар ҳамлае 14 нафар марзбонони Эронро ба қатл расонданд ва 5 нафари дигарро маҷруҳ карданд, ба дор кашид. Ин ҳамла дар наздикии марз бо Покистон сурат гирифта буд. Муҳаммад Маризе-додситони устони Систон-Балуҷистони Эрон, ки ҳодисаи куштор дар устони вай рух додааст гуфт, ки ин 16 шӯришӣ дар зиндони Зоҳидон дар ивази куштори марзбонон ба дор кашида шудаанд.

Вай гуфт: “Мо ба гурӯҳҳои шӯришӣ ҳушдор додем, ки ҳар гуна ҳамла ба шаҳрвандон ё ба нируҳои амниятӣ бидуни ҷавоб нахоҳад монд”. Маризе нагуфт, ки оё касе аз одамони ба доркашида бо ҳамла ба марзбонон иртибот доштааст ё хайр.

Алӣ Абдуллоҳӣ-муовини вазири корҳои дохилаи Эрон гуфт, ки марзбонон дар ҳамлае аз камин кушта шудаанд. Ба гуфтаи вай, 3 марзбони боздоштшуда кушта нашудаанд, он гуна, ки пештар хабар дода шуда буд ва шумораи марзбонони кушташударо бештар нишон медод, балки ин 3 марзбони Эрониро шӯришиён ба он сӯи марз ба Покистон бурдаанд.
XS
SM
MD
LG