Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел: "Боварӣ ба Вошингтон ба таври ҷиддӣ такон хӯрдааст"


Баъд аз пахши хабарҳо дар ин бора, ки cозмонҳои кашфи Амрико ба гуфтугӯҳои телефонӣ ва мухобирот дар кишварҳои дигар назорат мебурдаанд, давлати Амрико “шиддат”-и муносибатҳоро эътироф кард.

Хонум Ҷен Псакӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт, ки мақомоти расмии Амрико дар ин бора бо Олмон ва ҳампаймонҳои дигари худ баррасиҳоро идома медиҳанд. Вай таъкид кард, ки дар ҳафтаҳои оянда мақомоти кашфи Олмон бояд дар Вашингтон бо ҳамкорони амрикоии худ ба музокира биншинанд: “Ҳеҷ суоле нест, ки ошкор шудани маълумоти касбӣ муносибатро барои муддате бо ҳампаймонҳои мо сард кардааст. Мо бо ҳампаймонҳои худ баррасиҳоро идома медиҳем. Он гуна, ки ҳайати Олмон ишора кард, онҳо ба ин ҷо меоянд ва дар ҳафтаҳои оянда баррасиҳо идома меёбанд”.

Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо рӯзи ҷумъа эъломияе пахш карданд ва аз набуди эътимод ба Вашингтон ҳушдор доданд ва гуфтанд, ки чунин кор метавонад ҳамкориҳои ниҳодҳои кашфро хароб ва ба мубориза бо терроризм халал расонад. Меркел гуфт, ки боварӣ ба Вашингтон баъд аз ошкор шудани амалёти назорати электронӣ “ба таври ҷиддӣ таккон” хӯрдааст. Дар вокуниш ба ифшогарии назорати электронӣ, мақомоти расмии Фаронса ва Олмон гуфтанд, ки онҳо мехоҳанд то поёни соли ҷорӣ бо давлати Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико роҷеъ ба фаъолиятҳои кашфи ин кишвар як санади “ҳусни тафоҳум” ба имзо расонанд. Бино ба гузоришҳо, дар СММ намояндагони дипломатии Олмон ва Бразилия пешнависи қатъномаеро таҳия мекунанд ва онро ба Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод мекунанд. Ин санад бояд замонати пинҳон мондани мукотибаҳои электронӣ ва гуфтугӯҳои хусусӣ дар саросари ҷаҳонро фароҳам орад.

Намояндаҳои дипломатӣ мегӯянд, ин қатънома ихтиёроти Паймони байналмиллалӣ роҷеъ ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сисёсиро бештар мекунад. Ин паймон дар соли 1976 қабул шудааст. Ҳамзамон бо интиқодҳо аз Аврупо Дилма Руселф-раиси ҷумҳури Бразилия низ бар зидди ҷосусиҳои электронии Амрико садо баланд кард. Вай дар аввали соли ҷорӣ боздиди худ аз Вашингтонро лағв кард. Он вақт гузоришҳо пахш шуда буд, ки Созмониа амнияти миллии Амрико ба шабакаи компютерии ширкати Petrobras ворид шудааст ва маълумот дар бораи номаҳои электронӣ ва гуфтугӯҳои телефонии Бразилияро ҷамъоварӣ кардааст.

Ифшогариҳои ҳафтаи кунунӣ, аз ҷумла гузориши “Guardian”-и Британия бар асоси санадҳое, ки Эдвард Сновден-корманди пешини қарордодии кашфи Амрико дар ихтиёри онҳо гузаштааст ҳокист, ки Амрико дар 35 кишвар ба гуфтугӯҳои телефонии раҳбарон гӯш медодааст. Ҷен Псакӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт, президент Барак Обама дастур додааст, ки дар фаъолияти ниҳодҳои кашфи Амрико таҷдиди назар сурат бигирад ва танҳо маълумоте ҷамъоварӣ шавад, ки ба манофеи Амрико созгор аст.

Мақомоти кашфи Амрико мегӯянд, ки чунин маълумот барои мубориза бо терроризм зарур аст. Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки ниҳодҳои кашфи Амрико бештар аз он чӣ ки барои мубориза бо терроризм зарур аст, дар интернет ҷустуҷӯ мекунанд ва он ба тиҷорату фаъолиятҳои шахсӣ низ иртибот мегирад.
XS
SM
MD
LG