Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон. Эъдоми 16 тан барои марги 17 марзбон


Нерӯҳои марзбонии Эрон мустақар дар вилояти Сиистон ва Балуҷистон.

Нерӯҳои марзбонии Эрон мустақар дар вилояти Сиистон ва Балуҷистон.

Мақомоти Эрон дар ивази марги 17 марзбони эронӣ, 16 тан аз афроди мухолифи давлатро дар зиндони Зоҳидон эъдом кардаанд.

Муҳаммад Марзия, додситони Зоҳидон рӯзи шанбе аз эъдоми 16 тан дар зиндони Зоҳидон ба унвони "вокуниши монанд" бо кушта шудани 17 тан аз марзбонони эронӣ дар марзи Саровон, хабар дод.

Вай дар гуфтугӯе бо хабаргузории "Форс" гуфтааст, бо таваҷҷуҳ ба ҳушдорҳое, ки аз қабл ба гумоштаҳои душман ва гурӯҳҳои мухолифи низом дода будем, дар ин бора, ки агар ҳар гуна иқдоме, ки сабаби осеб расидан ба мардуми бегуноҳ ва авомили амниятӣ ва интизомӣ сурат бигирад, иқдоми монанд мекунем, субҳи имрӯз дар посух ба шаҳодати марзбонони шаҳристони Саровон, 16 нафар аз афроди вобаста ба "гуруҳакҳои мухолифи низомро эъдом кардем".

Додситони Зоҳидон ҳамчунин таъкид кардааст, ки дастгоҳи қазоӣ ба ҳеҷ ваҷҳ дар муқобили ин амалҳои мухолифон кӯтоҳ нахоҳад омад. Ин дар ҳоле аст, ки ҳанӯз ба таври қатъӣ маълум нашудааст, ки чӣ фард ё гурӯҳе масъули марги марзбонони эронӣ будааст. Дар ҳамин замина ба гузориши "Форс", як узви Шӯрои таъмини Сиистон ва Балуҷистон, ки нахост номаш ифшо шавад, дар посух ба ин пурсиш, ки ҳамлаварон аз силоҳбадастон ё мухолифони низоми Ҷумҳурии исломии Эрон будаанд, гуфт, дар ин робита ҳанӯз наметавон изҳори назари қатъӣ кард.

Расонаҳои дохили Эрон хабар медиҳанд, ки даргирии марзбонони Саровон дар вилояти Сиистон ва Балуҷистон бо афроди мусаллаҳ боиси марги 17 марзбони эрон ва маҷрӯҳ шудани 5 тани дигар аз онҳо шудааст. Ба гузориши хабаргузории "Форс", дар ин даргирӣ, ки шомгоҳи ҷумъа рух дод, чаҳор марзбони дигар аз сӯи афроди мусаллаҳ ба асорат гирифта шудаанд. Ҷасади 14 тан аз кушташудагони ин ҳодиса ба бемористони Зоҳидон мунтақил шудааст.

Хабаргузории "Форс" ҳамчунин дар хабарҳои худ менависад, ки гуфта мешавад гурӯҳи Ҷайш-ул-адл, масъулияти ин ҳодисаро ба ӯҳда гирифтааст. Аммо то кунун ҳеҷ мақоми масъуле ин хабарро таъйид накардааст. Ҷайш-ул-адл дар саҳифаи "Фейсбук"-и худ аз худ ба унвони "созмон" ёд кард ва дар бораи аҳдофи худ менависад, ки "Ҷайл-ул-адл созмоне мардумӣ аст, ки барои озодии дин ва мазҳаб ва миллати аҳли суннат қиём намуда ва то ихроҷи комили режим аз манотиқи аҳли суннат аз роҳи шеваи муборизотиаш даст нахоҳад кашид ва аслиҳа бар замин нахоҳад гузошт."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG