Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Туркманистон бештар аз 1000 нафарро афв мекунанд


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Дар Туркманистон ба истиқболи 22-юмин солгарди истиқлол афв эълон шудааст. 27 октябр рӯзи истиқлоли ин кишвар аст. Бештар аз ҳазор нафар аз зиндонҳо раҳо мешаванд. Хабаргузориҳо навиштаанд, ки дар ин бора Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳур фармоне ба имзо расондааст.

Бердимуҳаммадов гуфтааст, “ба маҳкумшудагон бояд имкон дод, ки онҳо бо кори софдилона гуноҳи худро бишӯянд ва дар ҳаёти кишвар ширкат кунанд”.

Аз соли 1999 ба ин сӯ дар ин кишвар афви зиндониён эълон мешавад ва ҳамчунин ҳамон сол ҳукми қатл мамнуъ гардид. Соли ҷорӣ дар Туркманистон бештар ду ҳазор нафар дар остонаи Рӯзи Қонуни Асосӣ ва дар Иди Рамазон афв шуданд.
XS
SM
MD
LG