Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

27 октябр мухолифони давлат дар Маскав раҳпаймоӣ мекунанд


Рӯзи якшанбе дар Маскав дар ҷараёни раҳпаймоии нируҳои мухолифони Русия тақрибан 3 ҳазор нафар кормандони пулис назмро таъмин хоҳанд кард. Дар ин бора хабаргузории Интерфакс бо такя ба вазорати корҳои дохилаи Русия хабар додааст.

Бино ба ин хабар, ширкаткунандагони раҳпаймоӣ бояд аз тафтиш бигзаранд, ки онҳо бо худ асбоби фелизӣ ё силоҳ надоранд.

Мухолифон ин раҳпаймоиро барои ҳимоят аз зиндониёни сисёсӣ анҷом медиҳанд. Дар он тақрибан 20 ҳазор нафар ширкат хоҳанд кард. Раҳпаймоӣ аз хиёбони Пушкин то Майдони Тургенев давом мекунад.
XS
SM
MD
LG