Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико мехоҳад аз таҳрими нави зидди Эрон худдорӣ кунад


Дафтари раёсати ҷумҳурии Барак Обама аз қонунгузорони кишвараш хостааст, ки дар марҳилаи кунунӣ санади ҷорӣ кардани таҳримҳои бештар ба Эронро канор гузоранд. Вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт, умедвор аст, ки қонунгузорон дар ҷорӣ кардани таҳримҳо таваққуф кунанд ва ба музокироти байналмиллалӣ роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон имкон диҳанд, ки ба натиҷае бирасанд.

Хонум Ҷен Псакӣ-суханӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико мегӯяд, бояд барои дипломатҳо имкон дод, вале агар музокирот натиҷа надиҳад, дар он сурат бар зидди Эрон дар оянда Конгресс таҳрим ҷорӣ мекунад.

Қарор аст даври ояндаи музокироти ҳастаии Эрон 7-8 ноябр дар Женев баргузор шавад. Дар ин музокирот, ки 5+1 (панҷ бар иловаи як) ном дорад, Амрикову Британия, Чину Русия ва Фаронсаву Олмон ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG