Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

17 марзбони Эрон дар марз бо Покистон кушта шудаанд


Хабаргузории IRNA-и Эрон гузориш додааст, ки дар наздикии марз бо Покистон 17 нафар марзбонон кушта, 5 нафари дигар захмӣ шудаанд. Аммо садову симои Эрон ин шумораро 18 нафар мегӯяд. Дар гузоришҳо омадааст, ки марзбонон дар даргирӣ бо “авбошони мусаллаҳ” дар устони Систон-Балуҷистон шоми рӯзи ҷумъа ба қатл расидаанд.

IRNA мегӯяд, як гурӯҳ аз Покистон аз марз гузаштааст. Вале маълум нест, ки “авбошони мусаллаҳ” қочоқгарони маводи мухаддир будаанд ё шӯришиён.

Аммо торнамои хабаргузории Озарбойҷон бо номи Trend.az аз қавли як манбаъ дар хабаргузории IRNA хабар додааст, ки чаҳор марзбони Эронро боздошт кардаанд ва ин гурӯҳи мусаллаҳ “террористон” будаанд, ки ба режими кунунии Эрон мухолифат мекунанд.
XS
SM
MD
LG