Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси марзбонони Қирғизистон аз мақом барканор шуд


Дар Қирғизистон Қурманакун Маметов-раиси Хадамоти давлатии марзбонӣ аз мақом сабукдуш шуд. Иддао мешавад, вай барои фиребу тақаллуб аз мақом барканор шудааст. Гурӯҳи бозрасон ошкор кардааст, ки Маметов бо санади дуруғин аз бахши бознишастагӣ 409 ҳазор сом баробар бо 8 500 доллар ҳақи бознишастагӣ гирифтааст, маблағеро, ки дар асл ҳақи гирифтани онро надорад.

Додситонии низомии Қирғизистон эъломияе пахш ва дар он гуфтааст, ки фаъолияти вайро муваққатан боздоштааст. Додситонӣ натиҷаҳои ба дастомадаро ба президент Алмазбек Атамбоев фиристодааст. Атамбоев рӯзи шанбе бо фармоне Маметовро аз мақом барканор кард.

Маметов севвумин раиси Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон дар соли ҷорӣ буд.
XS
SM
MD
LG