Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафир: "Русия тарҳҳоеро барои таҳкими марз рӯи даст дорад"


Сафири Русия дар Тоҷикистон.

Сафири Русия дар Тоҷикистон.

Русия мегӯяд, дар самти таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон дар робита ба хурӯҷи нерӯҳои НАТО дар соли 2014, тарҳҳои ҷиддие рӯи даст дорад.

Дар ин бора Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон ба Радиои «Озодӣ» дар ҳошияи маросими ҷамъбасти форуми «Нақши забони русӣ дар гуфтугӯи тамаддунҳо», ки рӯзи 26-уми октябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, изҳори назар кард.

Ҷаноби Лякин-Фролов ҳамкории ҳарбию техникии Тоҷикистону Русияро дар сатҳи баланд арзёбӣ намуда гуфт, «Русия ба Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти ҳам дохили кишвар ва ҳам марзи Тоҷикистону Афғонистон дастгирӣ мекунад ва ҳамаҷониба кӯмак мерасонад».

Сафири Русия афзуд, ҳоло Русия тарҳҳои ҷиддие дар самти таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон таҳия мекунад, ки ба хурӯҷи нерӯҳои НАТО дар соли 2014 рабт дорад. Аммо сафири Русия аз ин тарҳҳо ба таври мушаххас ном набурд.

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик.

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик.

Ӯ дар идома афзуд, "ин масъала наметавонад моро нигарон насозад, зеро марзи Тоҷикистону Афғонистон марзи муштараки мо низ маҳсуб мешавад ва барои СПАД минтақаи муҳим аст."

Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси тоҷик мегӯяд, ҳарчанд ба сари қудрат баргаштани Толибон ғайриимкон аст, аммо ба ҳар сурат хориҷ шудани нерӯҳои НАТО ба ояндаи амнияти Осиёи Марказӣ наметавонад бетаъсир набошад. Аммо ба назари ҷаноби Бекмуҳаммад, ин маънои онро надорад, ки гурӯҳҳои террористӣ баъди соли 2014 Осиёи Марказиро тасарруф хоҳанд кард ва «бо истифода аз ин шароит қудратҳои ҷаҳонӣ ба шумули Русия мехоҳанд барои густариши нуфузи худ ва тақвияти ҳузури худ дар минтақа баҳрабардорӣ кунанд. Ин истифода метавонад ба сурати кӯмакҳои нисбатан маҳдуди иқтисодӣ дар робита ба Тоҷикистон, вале тақвияти бештари ҳузури низомӣ ва амниятии Русия бозгӯ шавад».

Ин дар ҳолест, ки парлумони Тоҷикистон 1-уми октябри соли ҷорӣ созишномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи 201-и Русияро ба тасвиб расонд ва Тоҷикистон дар остонаи интихоботи 6 ноябри раёсати ҷумҳурӣ қарор дорад.

Сафири Русия дар Тоҷикистон 4 мулоқоти Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон дар соли ҷориро нишонаи густариши ҳамкориҳои сиёсӣ медонад, дар ҳоле, ки
коршиносони тоҷик дар давоми сол аз наҳваи бархӯрди мақомоти Русия ба муҳоҷирони тоҷик ва худдории Русия аз тасвиби се қарордоди ҳамкорӣ дар бораи таҷҳизонидани артиши Тоҷикистон, вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва дар ихтиёри Тоҷикистон гузоштани маводи сӯхти бидуни боҷи гумрукӣ интиқод кардаанд.

Сафири Русия ҳини суханронӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон роҷеъ ба нақши забонӣ русӣ.

Сафири Русия ҳини суханронӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон роҷеъ ба нақши забонӣ русӣ.

Қосими Бекмуҳаммад танҳо тамоюли Русияро барои беҳтар кардани муносибот кофӣ намедонад. Ба назари ин коршиноси тоҷик, бо таваҷҷуҳ ба таҷрубаи беш аз бист соли ҳамкорӣ бо Русия, Тоҷикистон бояд дар баъзе масъалаҳо шеваи равобитро бо Русия дигар кунад. Чун бо назардошти баъзе омилҳое, ки дар равобити Тоҷикистон ва Русия вуҷуд дорад, дар баъзе мавридҳо на ҳукумати Тоҷикистон ва на сиёсатмадорони тоҷик наметавонад ба сурати ошкор дар баробари Русия мавқеъгирӣ кунанд.

Сафири Русия дар идомаи сухани хеш таъкид намуд, ки бо назардошти робитаҳои густардаи сиёсиву фарҳангӣ ва иқтисодӣ ҳоло ниёзу таваҷҷуҳ ба забони русӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои форсизабон, назири Эрону Афғонистон бештар шудааст ва ҷониби Русия кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки мавқеи забони русӣ дар ин минтақа мустаҳкамтар шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG