Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти чаҳоргонаи зидди маводи мухаддир дар Исломобод


Нишасти ниҳодҳои муборизаи бо маводи мухаддири Тоҷикистон,Афғонистон, Покистон ва Русия дар шаҳри Душанбе.28-уми сентябри соли 2012. Акс аз бойгонӣ.

Нишасти ниҳодҳои муборизаи бо маводи мухаддири Тоҷикистон,Афғонистон, Покистон ва Русия дар шаҳри Душанбе.28-уми сентябри соли 2012. Акс аз бойгонӣ.

Дар шаҳри Исломобод чаҳорумин вохӯрии раҳбарони мақомоти мубориза бар зидди маводи мухаддири Афғонистон, Покистон, Русия ва Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳайати Тоҷикистонро дар ин нишаст Рустам Назаров, директори Оҷонсии назорати маводи нашъовар раҳбарӣ намудаст. Тибқи иттилои расмӣ, дар ин мулоқот ҷонибҳо татбиқи тадобири муштарак ба зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро мавриди баррасӣ қарор дода ва поёни ин нишаст Изҳороти муштарак ва санадҳои вобаста ба амалиёти дастҷамъонаро имзо карданд.
Санадҳои нав амалиёти муштарак бар зидди маводи мухаддир дар ин ин чаҳор кишвар, ки чаҳоргонаи зидди маводи мухаддар дар Осиёи Миёнаро ташкил медиҳад, танзим хоҳад кард.

Виктор Иванов, раиси идораи Хадамоти федералии назорати маводи мухаддири Русия гуфтааст, мушорикат дар амалиётҳо, мубодилаи маълумоти ҳассос, рӯи даст гирифтани тадобири амалиёти бар зидди тавлиди мухаддир дар Афғонистон, амалиёт бар асоси тақозои як кишвар дар қаламрави кишвари дигар, назорати таҳвил додани мухаддирот ва контроли гурӯҳҳои ҷинояткорро дар бар дорад.

Виктор Иванов ҳамчунон гуфтааст, дар мавриди таъйини як гурӯҳи корӣ иборат аз мақомоти аршади ин чаҳор кишвар дар фосилаи байни ду иҷлос фаъолият хоҳад кард, пешниҳод сурат гирифт, ки аз сӯи ҳамаи кишварҳои узв таъйид шуд.

Мамнун Ҳусайн, раиси ҷумҳури Покистон, ки кишвараш мизбони ин нишаст буд, дар мулоқоти бо раиси Хадамоти федеролии контроли маводи мухаддири Русия, иҷлоси чаҳоргонаро муҳим хондааст.

Ба гуфтаи Виктор Иванов, Русия мӯътақид аст, бояд талошҳои муштарак ва ҳамоҳангро барои ташкили эътилофи байналмилалӣ ба хотири мубориза бо тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон анҷом диҳад ва барои рафъи ин таҳдидҳо лозим аст то вазоифи кишварҳо муъайян ва мушаххас шавад.

Барои мушорикати бештар дар ин замина, Виктор Иванов хостори таъсиси иҷлоси чаҳоргона зидди маводи мухаддии Осиёи Миёна ва Созмони кишварҳои узви паймони дастҷамъи дар таърихи 28-ум октябр дар шаҳри Минск шудааст.

Чаҳоргонаи зидди маводи мухаддири Осиёи Миёна дар моҳи августи соли 2010 дар шаҳри шаҳри Сочии Русия таъсис шуда ва то кунун чаҳор нишаст доштааст.
XS
SM
MD
LG