Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар як шаҳри канори Димишқ 20 кушта бар ҷой гузошт


Таркиш дар шаҳри Сук Бадеъ Барадаи канори Димишқ, ки рӯзи ҷумъа рӯй дод, мунҷар ба ҳалокати 20 нафар гардид. Се нафар аз қурбониёни таркиш кӯдаконанд.
Дар ин ҳодиса даҳҳо тани дигар ҷарҳоат бардоштаанд. Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, таркиш дар як мошин дар канори масҷид рӯй дод.

Шаҳр таҳти назорати ошӯбгарони мусаллаҳ қарор дорад ва аммо онро нерӯҳои ҳукуматӣ дар ҳалқа гирифтаанд. Мухолифин дар ин ҳамла ҷонибдорони Башор Асадро айбдор намуданд.
XS
SM
MD
LG