Пайвандҳои дастрасӣ

Як ҷавони тоҷик ба наздикони худ хабар додаст, ки дар Сурия аст ва зидди ҳукумати Башор Асад меҷангад.

Дар бораи ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки наздик ба се моҳ пеш дар Русия нопадид шудааст ва хабар мерасад, ки дар ҷанги Сурия ширкат мекунад, тағои ӯ ба радиои «Озодӣ» хабар дод ва гуфт, талош дорад, ӯро пайдо кунад ва ба ватан баргардонад.

Ин шахс мегӯяд, ҳангоми муҳоҷираташ дар Русия хоҳараш аз ӯ хост, то додарзодаашро, ки ба тозагӣ мактаби миёнаро хатм кардаст, дар назди худаш бо ҷои кор таъмин кунад: «Ҷиянамро гуфтам биё, омад наздам, як сол ҳамроҳи ман кор кард. Як се моҳ пеш ман назди зану фарзандо омадам, вай ҳамон ҷо монд. Бачаи нағзи намозхон буд. Масҷид мерафту дар ҳамон ҷо бо доғистониҳову чеченҳо ошно шуда буд. Ҳамроҳи онҳо ба варзишгоҳ ҳам мерафт».

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, дертар иттифоқе афтоду ӯ маҷбур шуд ба ватан баргардад ва пас аз ду моҳ шарикони додарзодааш аз нопадид шудани вай дарак доданд. Танҳо пас аз такопӯи зиёд ин муҳоҷири тоҷик огоҳ шудааст, ки бародарзодааш ҳамроҳи ошноҳои қафқозияш аз Русия ё ба Туркия ва аз он ҷо барои ҷиҳод алайҳи неруҳои ҳукумати Башор Асад вориди Сурия шудааст.
Ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, ин гуна паёмро додарзодааш тариқи дӯстони худ аз Сурия ба ӯ фиристодааст ва то ба ҳол волидайни бародарзодааш гумон мекунанд фарзандашон дар Русия мардикор ҳаст.

Будани шаҳрвандони Тоҷикистонро дар сафи неруҳои шӯришгари зидди ҳукумати Асад дар Сурияро мақмоти Тоҷикистон ҳануз моҳи майи соли равон эътироф карда буданд. Расонаҳо дар таърихи 28-уми май ба нақл аз Масурҷон Умаров, муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон навишта буданд, ки тибқи маълумоти ин ниҳод, дар ҷангҳои Сурия се тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалок шудаанд. Умаров гуфта буд, барои мақомоти амнияти Тоҷикистон шумора ва масири ҷалби ҷавонони тоҷик ба сафи шӯришиёни Сурия маълум нест, аммо дақиқ аст, ин ҷавонон аз тариқи кишварҳои севвум ба низои Сурия кашонда мешаванд.

Тавре расонаҳои Русия ва кишварҳои дигари Осиёи Миёна менависанд, хатсайри ҷалби ҷиҳодиён аз кишварҳои пасошӯравии Осиёи Миёна ва Қафқоз умдатан тариқи Туркия ва Миср аст. Аммо ба эҳтимоли зиёд ҷавонони тоҷик аз Русия ба ин кишварҳо сафар карда баъдан озими Сурия мешаванд.

Нарзулло Назаров, сафири Тоҷикистон дар Миср.

Нарзулло Назаров, сафири Тоҷикистон дар Миср.

Тоҷикистон дар Сурия сафоратхона надорад ва аз тариқи сафоратхонаҳояш дар Миср ва дигар кишварҳои араб бо ин давлат робита мекунад. Нарзулло Назаров, сафири Тоҷикистон дар Миср дар як тамоси телефонӣ ба радиои «Озодӣ» гуфт, онҳо далели аз ин кишвар ба низои Сурия ҷалб шудани ҷавонони тоҷикро дар даст надоранд. Ба гуфтаи сафир, онҳо тариқи сафоратхонаи Русия дар Сурия иттилоъ гирифта буданд, ки дар ин кишвар 60 нафар тоҷиктаборон ба сар мебаранд ва аксарияти эшон тавассути ҳавопаймои Вазорати изтирории Русия аз хоки ин кишвар берун карда шуданд.

Аммо Ҷумъахон Ғиёсов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ба иттилои онҳо миқдори танҳо муҳассилини тоҷик дар Сурия бештар буд: «Ба иттилои мо дар Сурия дар мактабҳои гуногуни динӣ 81 нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекарданд. Аммо аксарияти онҳо баъди даъвати Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳодисаҳое, ки дар Сурия рух доданд, ба ватан бозпас гардонида шуданд. Ҳоло бархеи онҳо дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд ва баъзеи дигар дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ҳастанд».

Ҷаноби Ғиёсов афзуд, ки ин иттилоъ зимни як сафари хидматии масъулони ин кумита ба Сурия ба даст омадааст. Вале ин омор аз он минтақаҳои Сурия ҷамъоварӣ шудааст, ки дар он ҷо мақомоти ин давлат кафолати амниятро дода метавонанд.

Дар ҳамин ҳол, Амриқул Азимов, раиси Кумитаи дифоъ, амният ва тартиботи ҳуқуқии Маҷлиси намояндагон ва собиқ раҳбари Шӯрои амнияти Тоҷикистон мегӯяд, амалиётҳои зидди терроре, ки мақомоти Тоҷикистон гузарониданд мушаххас сохт, ки аксарияти ҷавонони тоҷик бо далоили эътиқодӣ ба гуруҳҳои ифротӣ мепайванданд: «Мо далелҳое дорем, ки ҷавонони мо дар лагерҳои Покистону Афғонистон таълими ҳарбӣ гирифта зидди нерӯҳои НАТО дар Афғонистон меҷанганд. Ҳамчунин ҷавононе, ки дар солҳои гуногун шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсили динӣ ба кишварҳои гуногуни исломӣ аз ҷумла ба Сурия сафар карда қисмашон ба гурӯҳҳои ифротгаро ҷалб карда шуданд.»

Амирқул Азимов

Амирқул Азимов

Ҷаноби Азимов афзуд, давлати Тоҷикистон мекӯшад, ин ҷавононро бо ҳар роҳ ба ҳаёти осоишта баргардонад. Аммо ба таъкиди Азимов, агар ин қабил афрод бо супориши хоҷаҳои хориҷии худ талоши ноамн кардани вазъиятро дар Тоҷикистон кунанд, нерӯҳои амниятии кишвар қодиранд, онҳоро аз байн баранд. Ин як навъ ишора ба гуфтаҳои Дабири кулли СПАД Николай Бордюжа аст, ки мегӯяд, чунин ҷавонон вақте аз Сурия бармегарданд, вазъро дар ватани худ ноором хоҳанд кард.

Низои Сурия аз санаи 26-уми январи соли 2011 дар пайи мавҷи эътирозҳо дар кишварҳои Ховари Миёна бо номи «баҳори араб» оғоз шудааст. Дар ин рӯз як гурӯҳ эътирозгарон умдатан аз шумори бодиянишинон бо барпо кардани гирдиҳаомӣ дар Димишқ аз давлати Башор Асад талаби иҷоза додани чорвочаронӣ дар чарогоҳҳоеро кардан, ки ҳукумат онҳоро ба мамнуъгоҳ табдил дода буд. Ин эътирозҳо чандон идома накард, аммо 15-уми марти ҳамон сол ҷавонон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар Димишқ гирдиҳамоӣ ороста талаби ислоҳот ва хотима додан ба фасодкориро карданд.

Ҳамин гуна ин эътирозҳо ба хун печид ва ҳамакнун ин кишвар майдони ҳарбу зарби кишварҳои абарқудрат ва бозиҳои геополитикӣ бадал шудааст. Ҳарчанд кишварҳое мисли Тоҷикистон дар Сурия ҳеҷ манфиати геополитикӣ надоранд, вале ҷалби ҷавони тоҷик ба ин низоъ ба амнияти кишвар хатар эҷод мекунад. Чунки пас аз ширкат дар муноқишаҳои хунуни Сурия ва баргаштан ба ватан ба гумон аст, ки онҳо ҳаёти осоиштаро дар пеш гиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG