Пайвандҳои дастрасӣ

Ғолибони мусобиқаи қаиқронӣ ба хотираи Иброҳим Ҳасанов


Нодир Сафаров аз чап ва Зоҳирҷон Набиев.

Нодир Сафаров аз чап ва Зоҳирҷон Набиев.

Мусобиқаи ҷумҳуриявии қаиқронӣ байни навҷавонон барои гиромидошти хотираи мураббии машҳур Иброҳим Ҳасанов, ки дар Кӯли ҷавонони шаҳри Душанбе ду рӯз идома кард, ба анҷом расид.

Нодир Сафаров, саркотиби ин мусобиқа, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ““ин охирин мусобиқа дар мавсими имсола барои қаиқронони тоҷик буд. Дар ин мусобиқа 50 варзишгар дар ҳайати 6 даста аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ширкат доштанд.“

Дар рақобатҳои инфиродӣ дар каноэи яккаса ба масофаҳои 200 ва 500 метр Шаҳриёр Даминови душанбегӣ ғолиб шуд. Вай, инчунин, бо ҳамшаҳриаш Виктор Ковалёв дар каноэи дукаса мақоми аввалро соҳиб шуданд.


Дар байдаркаи яккаса ба масофаҳои 200 ва 500 метр Руслан Салимов аз вилояти Суғд байни писарон дар ҷои аввал қарор гирифт. Дар ин навъи рақобатҳо дар масофаи 200 метр миёни занон Матлуба Раҳматова аз вилояти Хатлон пирӯз шуд.
Дар байдарка ба масофаи 500 метр Фирӯза Бобоҷонова аз вилояти Суғд ғолиб омад. Дар навъи охирини рақобатҳо – байдарка-слалом ба масофаи 200 метр Умед Гулаҳмадов ва ба масофаи 500 метр Абдураҳим Абдураҳимов, ҳарду аз Душанбе, ҷойҳои аввалро касб карданд.

Нодир Сафаров афзуд, “ахиран Шаҳриёр Даминов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар шаҳри Самарқанд медали биринҷӣ ба даст овард. Вай дар каноэи яккаса ба масофаи 200 метр бо натиҷаи 00:43.989 мақоми севумро соҳиб шуд. Бояд гуфт, ки ин нахустин медали қаиқронони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ба шумор меравад.”

Сӯҳбати хабаранигори Радиои озодӣ бо Нодир Сафаров, мураббии дастаи мунтахаби қаиқронони тоҷик, инчунин, варзишгар ва мураббӣ Зоҳирҷон Бобоев ба таваҷҷӯҳи шумо пешкаш мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG