Пайвандҳои дастрасӣ

Киштиҳои низомии Италия 700 муҳоҷирро наҷот доданд


Тақрибан 700 паноҳандаи африқоӣ, ки мехостанд дар киштиҳои хурд аз тариқи баҳри Миёназамин вориди Аврупо шаванд, шаби гузашта дар соҳилҳои Ситсилия наҷот дода шуданд. Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, онҳоро аз ғарқшавӣ киштиҳои низомии Италия наҷот доданд.

Аввалҳои моҳи равон беш аз 350 тан аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ бар асари ғарқ шудани як киштӣ дар соҳилҳои ҷазираи Лампедузаи Италия ҷон бохтанд.

Мушкили муҳоҷирати ғайриқонунии паноҳандагон аз кишварҳои Африқо ва Ховари Миёна – аз мавзӯъҳои асосӣ дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупост, ки дар шаҳри Брюссел идома дорад.
XS
SM
MD
LG