Пайвандҳои дастрасӣ

Фаронсаву Олмон бо ИМА оид ба "ҷосусӣ" музокира мекунанд


Фаронса ва Олмон аз ИМА даъват карданд, ки барои аз байн бурдани бӯҳрони марбут ба ҷосусӣ аз болои шаҳрвандони кишварҳои дигар чора андешад. Ҳерман Ван Ромпей, раиси Итиҳодияи Аврупо дар ни шасти сарони Иттиҳодия дар Брюссел гуфт, ки сарони Фаронсаву Олмон мехоҳанд дар ин мавзӯъ то охири сол бо Вошингтоон музокирот анҷом диҳанд.

Дар изҳороти сарони Иттиҳодияи Аврупо, ки рӯзи ҷумъа дар нишасти Брюссел пазируфта шуд, ба муҳим будани ҳампаймонии Амрико ва Иттиҳодия таъкид шудааст.

Дар арафаи нишаст рӯзномаи «Guardian» чопи Лондон гузоришеро бар пояи "санаде аз асноди Эдвард Сновден" мунташир кард, ки бар асоси он, як мақоми амрикоӣ феҳристе аз 200 шумораи телефон таҳия карда ва аз Оҷонси амнияти миллӣ хостааст то онҳоро зери назар бигирад. Дар феҳрист рақамҳои телефони 35 тан аз раҳбарони олам ҳам буд.

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, ки гуфта мешавад телефони ҳамроҳаш зери назорат қарор дошт, рӯзи панҷшанбе дар Брюссел изҳор намуд, “дӯстон набояд аз пушти ҳамдигар ҷосусӣ кунанд. Ман инро моҳи июн, вақте ки Барак Обама дар Берлин буд, гуфта будам ва дирӯз дар сӯҳбати телефонӣ бори дигар такрор кардам”.

Рӯзи ҷумъа сарони Иттиҳодияи Аврупо бастаи чораҳо оид ба ҳалли мушкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба кишварҳои аврупоиро баррасӣ мекунанд. Моҳҳои ахир садҳо паноҳандагон ҳангоми талоши вуруд ба Иттиҳодияи Аврупо аз тариқи баҳри Миёназамин бар асари хароб будани киштиҳо ғарқ шуданд.
XS
SM
MD
LG