Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рабуда шудани ду амрикоӣ дар соҳилҳои Нигерия


Мақомоти ИМА қазияи рабуда шудани ду шаҳрванди кишвар аз сӯи роҳзанҳои дарёӣ дар соҳилҳои Нигерияро тафтиш мекунанд. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико Марӣ Ҳарф рӯзи панҷшанбе ҳадс зад, ки амрикоиҳо рабуда шудаанд ва ин ҳодисаро наметавон ҳамлаи террористӣ номид.

Бар пояи хабарҳо, киштии тиҷоратии C-Retriever, ки зери парчами ИМА ҳаракат мекард, ду рӯз пеш дар халиҷи Гвинея мавриди ҳамла қарор гирифт. Капитани киштӣ ва механик рабуда шуданд.

Одамрабоён ҳанӯз ягон талаб пеш нагузоштаанд.
XS
SM
MD
LG