Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Қиссаи Фарҳоди Дарё ва кейборднавозони тоҷикаш


Фарҳоди Дарё ва навозандагонаш дар Дубай, рӯзи 15 октябр.
Фарҳоди Дарё ва навозандагонаш дар Дубай, рӯзи 15 октябр.

Навиштаи ширини зер аз худи Фарҳоди Дарё, ҳунарманди маъруфи афғон аст, ки чанде пеш дар саҳифаи Фейсбукаш гузоштааст.

Фарҳод, ки дар Тоҷикистон ҳам тарафдори зиёд дорад дар бораи як саҳнаи ҷолиби омодагиаш ба консерташ дар Дубай қисса мекунад, ки ҳафтаи гузашта баргузор шуд. Бе ҳеҷ таҳрир аз хатти форсӣ ба сириллик баргардон шудааст:

“Навозандаҳое, ки маро дар чанд соли ахир ҳамроҳӣ мекунанд, аз чандин кишвар меоянд ва ба чандин забон ҳарф мезананд, Рафоқати миллатҳо ва забонҳо дар зери як сақф барои як нияти воҳид бениҳоят ширин аст. Мо дар ҷараёни кор, зеботарин таҷрибаҳоро бо ҳам ва аз ҳам дорем. Ҷараёни тамрини яке аз оҳангҳои худро бароятон қисса мекунам:

“Назар ба феҳрасти оҳангҳо, навбат ба як оҳанги шӯху тунд расида буд ва феҳраст дар назди Рене (Ҳасан) ҳунарманди нимаолмонӣ нимафриқоӣ буд.
Раҳмоналӣ, кейборднавози тоҷик рӯ ба ҳамшаҳриаш Ҷӯрабек кейборднавози дуввум карда пурсид, “Кадом оҳанга занем Ҷӯра”. Ҷӯрабек, ки ӯ низ аз феҳраст огаҳӣ надошт, ниматоҷикӣ ва нимаинглисӣ аз Рене пурсид, “Эй вот сонг акаҷон?”.
Рене ҷавоб дод: “Shasha Pasha“.
Раҳмон, ки бо шунидани номи оҳанг дар чурти (фикри) амиқе фӯру рафта буд, бо хеле эҳтиёт аз ман пурсид: “Устод ин оҳанги шаша пашаро кадом сол хондагийӣ, ки ман нашнида будам?”
Ҳаниф дуҳулнавози ҳиндӣ ба ҷойи ман ба Раҳмон гуфт: “Онки мақсад систа басам ҳей!”. Рабӣ драмнавози кобулӣ, ки аз ханда ба худ мепечид, гуфт, Дарё соҳиб, мақсадаш “шишта бошам” аст. Ва ҳама барои ним соати тамом хандидем.

Агар ин ҳодиса рӯи саҳнаи консерт иттифоқ биафтад, хонам хароб хоҳад шуд... Ба ҳамин далел, ҳеҷ яке аз навозандаҳоям иҷозаи ҳарф задан ба рӯи стейҷ, (саҳнаро) надоранд."


Шаша Баша
Фарҳоди Дарё

PS:"Шишта бошам, ки дароӣ ба дарам" аз оҳангҳои шӯх ва маъруфи Фарҳоди Дарё аст, ки Шабнами Сураё ва Ҷонибеки Мурод, ду овозхони тоҷик низ онро сароидаанд.
XS
SM
MD
LG