Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳҳои Тоҷикистон хатарноканд?


Маҷалаи интернетии «Биржевой лидер», роҳҳои кишварҳои Осиёи Марказиро аз ҷиҳати бехатарӣ таҳқиқ карда, навиштааст, Тоҷикистон ҳам яке аз кишварҳест, ки роҳҳои "хатарнок" дорад.

Ба навиштаи ин маҷалла, дар Осиёи Миёна аз ҳама роҳҳои «бехатар» роҳҳои Узбакистон будаанд. Ҳамасола дар роҳҳои Узбакистон аз шумораи 100 ҳазор нафари аҳолӣ 11,3 нафараш дар садамаҳои нақлиётӣ ба ҳалокат мерасидаанд, ки дар нисбати дигар кишварҳои минтақа нишондоди кам будааст.

Дар дигар кишварҳои минтақа шумораи ҳалокшудагони садамаҳои нақлиётӣ аз ин бештар нишон дода шудааст. Масалан, дар Қазоқистон аз шумораи 100 ҳазори аҳолӣ ҳудуди 30 нафар, Қирғизистон 19,2 ва Тоҷикистон 18,1 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо ҳалок мешаванд.

Ба навиштаи ин маҷала, дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ ҳамасола дар ҷаҳон 1,24 миллион нафар ба ҳалокат мерасанд. Шумораи қурбониёни садамаҳои нақлиётӣ ҳамасола рӯ ба афзоиш аст. Бо пешгӯии таҳлилгарон, то соли 2030 дар ҷаҳон солона шумораи қурбониёни садамаҳои нақлиётӣ ба 3,6 миллион нафар мерсад.

Ин дар ҳолест, ки ҳамарӯза дар роҳҳои мошингарди кишвар садамаҳои зиёди нақлиётӣ рух медиҳанд ва мақомоти тоҷик ҳам аз сол то сол зиёд шудани садмаҳои нақлитӣ изҳори нигаронӣ мекунанд. Сабабҳои аксар садамаҳое, ки мешавад мақомот «аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда» мегӯянд. Ҳамчунин таҳлилгарон сабабҳои аксари садамаҳоро дар бетаҷрибагии ронандаҳо ва нохонда соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шудани ҷавонон медонанд.

Садамаи маргбори охирине, ки бо иштироки писари раиси идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон шуд, дар ин бора миёни ҷомеа сару садоҳои зиёдеро ба миён овард. Ин дар ҳолест ки тибқи қавонини Тоҷикистон, нафарони то 18-сола ҳуқуқи гирифтани шаҳодатномаи ронандагиро надоранд.

Тибқи омори расмӣ, танҳо давоми ҳашт моҳи имсол 596 адад садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 дарсад зиёд аст. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷаи ҳодисаҳои мазкур 191 нафар ба ҳалокат расидааст ва ин шумора аз соли гузашта 17 нафар бештар аст. Ин ниҳод бо нигаронӣ аз афзоиши садама дар кишвар хабар медиҳад, ки дар натиҷаи садамаҳои нақлиётии рухдода 655 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG