Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии “Равшан” – ССКА “Помир” ба 7-уми ноябр гузаронида шуд


Рӯзи 26-уми октябр се бозии даври 18-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо тими “Энергетик”-и Душанбе , “Истаравшан”-и Истаравшан дар майдони худ бо “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо дастаи меҳмон – “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров рақобат мекунанд. Бозиҳои ҳайатҳои ҷавонони ин дастаҳо имрӯз, 25-уми октябр, барпо мегарданд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон бозии даври 18-уми мусобиқот миёни дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва ССКА “Помир”-и Душанбе бинобар баргузории чорабиниҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб дар доираи сафари кории раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин минтақа ба мӯҳлати дигар - 7-уми ноябр гузаронида шуд.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот "Равшан” бо 34 имтиёз дар ҷойи аввал аст. “Истиқлол”, ки нисбат ба рақиби аслиаш барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ як бозӣ бештар гузарондааст, бо 33 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. «Хайр»-и Ваҳдат бо 26 имтиёз дар ҷойи севум ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 23 имтиёз дар ҷойи чорум қарор доранд.

Инчунин бозиҳои «Хуҷанд» - ССКА «Помир» ва «Равшан» - «Регар-ТадАЗ» - аз 9-ум ба 10-уми ноябр гузаронида шуданд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Тӯбҳо И
1. «Равшан» 12 11 1 0 18-3 34
2. «Истиқлол» 13 11 0 2 37-6 33
3. «Хайр» 14 7 5 2 22-13 26
4. «Регар-ТадАЗ» 13 7 2 4 18-14 23
5. «Энергетик» 14 4 3 7 13-19 15
6. «Хуҷанд» 13 3 5 5 11-15 14
7. «Парвоз» 12 3 4 5 10-19 13
8. «Вахш» 12 2 2 8 4-12 8
9. ССКА «Помир» 13 1 4 8 7-17 7
10. «Истаравшан» 12 1 2 9 7-29 5

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни Сӯҳробӣ («Хайр”/ ”Истиқлол”) – 11тӯб, Дилшод Восиев («Истиқлол») – 7 тӯб, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”), Александр Кудряшов («Истиқлол») ва Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) – 5-тӯбӣ.

Даври 18-ум
26-уми октябр (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 15:00

«Истаравшан» - «Хуҷанд»
«Равшан» - ССКА «Помир» - ба 7-уми ноябр гузаронида шуд.
«Вахш» - «Парвоз»
«Истиқлол» - «Энергетик»
XS
SM
MD
LG