Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти роҳбари ситоди нозирони ИДМ бо раиси Додгоҳи олӣ


Нозирони дарозмуддати Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки рафти интихоботи президентии қарибулвуқӯи Тоҷикистонро назорат мекунад, ҳоло вазъи ҳавзаҳои интихоботиро меомӯзанд. Дар иттилоияе, ки ситоди нозирони ИДМ рӯзи 25-уми октябр пахш карданд, гуфта шудааст, Евгений Слобода, роҳбари ситоди нозирони ИДМ бо Нусратулло Абдуллоев, расиси Додгоҳи олии Тоҷикистон вохӯрда, масъалаҳои муҳими марбут ба додгоҳро, ки дар ҷараёни интихобот пеш меоянд, баррасӣ карданд. Ҳамчунин намояндагони ин ситод дар вохӯрӣ бо роҳбарони ситоди пешазинтихоботии номзадҳо ба мақоми президентӣ - Эмомалӣ Раҳмон ва Олим Бобоев, масъалаҳои ҳуқуқии раванди интихоботро баррасӣ карданд. Гуфта мешавад рафти интихоботи президентии Тоҷикистонро аз Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҳудуди 100 нозир аз давлатҳои Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон, Узбакистон, Украина, Парлумони байнидавлатии кишварҳои ИДМ, ҳамчунин Кумитаи иҷроияи ИДМ назорат мекунанд. Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр баргузор мешавад ва 6 номзад ба мақоми президентӣ сабти ном шудаанд.
XS
SM
MD
LG