Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии ҳуқуқи муаллиф дар Тоҷикистон


Имрӯз 25-уми октябр дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар мавзӯи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ семинар баргузор мегардад. Тавре Раҳматулло Раҳматуллоев, масъули дафтари матбуотии ин вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин семинар дар раванди воридшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо доир мегардад. Дар назар аст Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, масъулони комиссияи ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ суханронӣ намоянд.

Ҳамчунин намояндагони мақомоти қудратӣ дар бораи пешгирии нақзи ҳуқуқи муаллиф, ва қонунгузории Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи муаллиф маърӯза кунанд.

Ба назари таҳлилгарон дар Тоҷикистон нақзи ҳуқуқи муаллиф солҳои охир зиёд ба назар мерасад.
XS
SM
MD
LG