Пайвандҳои дастрасӣ

Ифтитоҳи бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Белорусия


Дар шаҳри Мински Белорусия бинои нави сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар ифтитоҳ ёфт. Тавре аз дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон иттиллоъ доданд, рӯзи 24-уми октябр дар маросими ифтитоҳи он Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳам ширкат кардааст. Ба иттилоъи дафтари матбуоти президент, «бинои нави сафорат сеошёна буда, дар он тамоми шароити корию маишӣ барои кормандон ва қабули меҳмонон муҳайё гардидааст. Бинои сафорат дорои толори барҳавои маҷлисӣ, утоқҳои муҷаҳҳази корӣ, ошхона, ҳавлии зебо ва боғи дарахтони мевадиҳанда ва ороишию сояафкан мебошад.» Гуфта мешавд ҳоло дар Белорусия ҳудуди 200 донишҷӯи тоҷик дар мактабҳои олии ин кишвар таҳсил доранд.
XS
SM
MD
LG