Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайф-ул-Ислом Қаззофӣ дар куштор айбдор мешавад


Додгоҳи шаҳри Троблус алайҳи беш аз 20 мансабдори ҳукумати раҳбари пешини Либия Муаммар Қаззофӣ ва, аз ҷумла, писари ӯ Сайф-ул-Ислом иттиҳом эълон кард. Онҳо дар саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ ва даст доштан дар ҳалокати эътирозгарон ҳангоми ошӯби зидди Қаззофӣ дар соли 2011 айбдор мешаванд.

Миёни муттаҳамон собиқ раиси хадамоти кашфи Либия Абдулло Сенуссӣ ҳам ҳаст.
Ҳамин моҳ Додгоҳи байнулмилалии ҷиноёти низомӣ дар Ҳейг тасмим гирифт, ки Сенуссӣ бояд дар ватанаш мавриди муҳокимаи додгоҳӣ қарор бигирад, зеро метавонад ба ҳукми одилона умед бубандад. Ва аммо ин додгоҳи байнулмилалӣ барои дар Ҳейг баргузор намудани мурофиаи Сайф-ул-Ислом пойфишорӣ дорад.

Аз ин пеш мақомоти Либия талаби Додгоҳи Ҳейг барои истирдоди писари Қаззофиро рад карда буданд.
XS
SM
MD
LG