Пайвандҳои дастрасӣ

Кличко барои курсии сарвари Украина мубориза мебарад


Виталий Кличко, раҳбари ҳизби мухолифи “УДАР”, мехоҳад барои мақоми раисиҷумҳури Украина талош кунад. Дар ин бора ӯ рӯзи панҷшанбе дар нишасти парлумони Украина хабар дод.

Аз ин пеш ҷиноҳи “УДАР” дар Верховная Рада як илова ба қонуни андозро дасиса алайҳи Кличко арзёбӣ намуд.

Бар пояи ин тағйир, афроди дорои санади иқомати доимӣ дар кишвари хориҷӣ наметавонанд худро муқими Украина хонанд. Вакили парлумон Виктор Чумак гуфт, бар пояи қонуни интихоботи президенти Украина барои ин мақом фақат шаҳрванде метавонанд талош кунад, ки тайи даҳ соли пеш аз интихобот ба таври доимӣ дар Украина зиндагӣ кардаанд.

Виталий Кличко, қаҳрамони чандинкаратаи ҷаҳон дар риштаи бокс ва қаҳрамони шашкаратаи ҷаҳон оид ба кикбоксинг, қаҳрамони секаратаи Украина оид ба бокс солҳои зиёд гоҳ дар Украина ва гоҳ дар Олмон ба сар мебарад. Бар пояи бархе хабарҳо, ӯ ҳаққи иқомати доимӣ дар Олмонро дорад.
XS
SM
MD
LG