Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Виталий Кличко: Саддгузорӣ дар роҳи ман беҳуда аст


Муштзан ва сиёсатмадори маъруф, раҳбари ҳизби “УДАР”, эълом дошт, ки дар сабқат барои курсии раисиҷумҳури Украина ширкат хоҳад кард.

Дар ин бора ӯ рӯзи панҷшанбе дар нишасти парлумони Украина баъди он хабар дод, ки вакилон аз ҳизби ҳоким – Ҳизби минтақаҳо ба қонуни андоз як иловаи тағйири барои Виталий Кличко номатлубро пазируфтанд, тағйиреро, ки шояд барои ширкати ӯ дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2015 мушкил эҷод кунад. Бар пояи ин илова ба қонун, афроди дорои санади иқомати доимӣ дар кишвари хориҷӣ наметавонанд худро муқими Украина хонанд.

Виталий Кличко, ки хело хашмгин буд, гуфт, “бо вуҷуди ҳама тақаллубу найрангҳое, ки имрӯз дар парлумон аз сӯи вакилони пуштибони ҳукумат роҳандозӣ мешаванд, ман мехоҳад бигӯям – ин ҳама маро тарсонида ё аз роҳ боздошта наметавонанд. Ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳама сару садоҳо ва талошҳои минбаъда барои эҷоди монеъа мехоҳад изҳор кунам: Ман номзадиямро ба мақоми раисиҷумҳур пешбарӣ хоҳам кард!"

Аз ин пеш ҷиноҳи “УДАР” дар Верховная Рада тағйир ба қонуни андозро “дасиса алайҳи Кличко” арзёбӣ намуд.

Вакили парлумон Виктор Чумак дар ташреҳи тағйир ба қонун гуфт, бар пояи Қонуни интихоботи президенти Украина барои ин мақом фақат шаҳрванде метавонанд талош кунад, ки тайи даҳ соли пеш аз интихобот ба таври доимӣ дар Украина зиндагӣ кардаанд. Виталий Кличко, қаҳрамони чандинкаратаи ҷаҳон дар риштаи бокс ва қаҳрамони шашкаратаи ҷаҳон оид ба кикбоксинг, қаҳрамони секаратаи Украина оид ба бокс солҳои зиёд гоҳ дар Украина ва гоҳ дар Олмон ба сар мебарад. Бар пояи бархе хабарҳо, ӯ санади ҳаққи иқомат дар Олмонро дорад.

Рӯзи панҷшанбе Виталий Кличко ҳамчунин гуфт, мақомоти Украина талош мекунанд, ки тавассути қабули қонун ӯро аз шаҳрвандии Украина маҳрум созанд.

Виталий Кличко соли гузашта вакили Верховная Рада интихоб шуд – ҳизби ғарбгарои ӯ “УДАР” дар интихоботи парлумонӣ соҳиби 40 курсӣ гардид. Аз ин пештар соли 2006 ӯ дар интихоботи мири Киев ширкат кард ва аммо ноком шуд.
Интизор меравад, ки Виктор Янукович, раисиҷумҳури феълии Украина, барои бори дуввум ишғол намудани мақоми сарвари кишвар талош кунад. Интихоботи раёсатҷумҳурии Украина моҳи марти соли 2015 баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG