Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод -2014


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) дар Ҷоми Иттиҳод-2014 ширкат хоҳад кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2014, ки аз 22-юми январ то 2-юми феврали соли 2014 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, футболбозони соли таваллудашон 1993 ва аз он хурд иштирок мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯбин Эргашев дар Ҷоми Иттиҳод-2013 ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфта, ҷойи 8-умро гирифта буд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG