Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳамла ба як масҷиди Волгоград касе осеб надидааст


Масҷиде дар Волгоград

Масҷиде дар Волгоград

Дар яке аз масҷидҳои шаҳри Волгогради Русия як шахси номаълум ба масҷид ҳамла бурдааст. Пулиси маҳаллӣ мегӯяд, ки як ҳамлагари ношинос сӯбҳи рӯзи панҷшанбе ба масҷиди маҳаллӣ маводи тарканда партоб кардааст. Дар ин ҳодиса касе осеб надидааст.

Вале ҳафтаи гузашта дар ин шаҳр дар як ҳамлаи маргталабона ба автобуси мусофирбар 6 нафар ба қатл расида буданд. Дар ин бамгузории интиҳорӣ як хонуми доғистониро муттаҳам медонанд.
XS
SM
MD
LG