Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Олмон сафири Амрикоро ба вазорати хориҷаи худ эҳзор намуд


Ангела Меркел

Ангела Меркел

Вазири корҳои хориҷаи Олмон сафири Амрикоро эҳзор намудааст, то ба вай эътироз кунад, ки Вашингтон гуфтугӯҳо ва мукотибаҳои Ангела Меркелро ҷосусӣ мекардааст. Як хонум, сухангӯи ҳукумати Олмон, ки аз худ ном набурд, гуфт, ки Гуйдо Вестервелле-вазири корҳои хориҷаи Олмон бо Ҷон Эмерсон-сафири Амрико мулоқот мекунад.

Эҳзори сафири Амрико дар рушди муносиботи тӯлонии дипломатии ин ду кишвари муттафиқ рӯйдоди ғайримаъмулӣ дониста мешавад. Рӯзи чаҳошанбе Ангела Меркел ба Барак Обама занг зад ва шикоят кард, ки кашфи Амрико гуфтугӯҳои телефони ҳамроҳи вайро назорат мекардааст.

Стефан Сиберт-сухангӯи ҳукумати Олмон гуфт, Меркел ба Обама изҳор доштааст, ки чунин рафтор, агар таъйид шавад, дар эътимоди ҷонибҳо холигоҳ ба вуҷуд меорад. Кохм Сафед мегӯяд, Обама Ангела Меркелро мутмаин сохтааст, ки ожонсиҳои кашфи Амрико гуфтугӯҳои телефони ҳамроҳи вайро назорат накардаанд.

Эдвард Сновден-корманди пешини қарордодии Ожонси Амнияти Миллии Амрико гуфта буд, ки ҳукумати Амрико сабтҳои зиёди телефонӣ ва интернетии саросари ҷаҳонро гирдоварӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG