Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Беларусия мошини ронандаи мастро мусодира мекунанд


Аз 24 октябр ба ин су дар Беларусия мошини ронандаи мастро мусодира мекунанд. Бар асоси қонуне, ки аз 24 октябр ба эътибор даромад, ронандагоне, ки дар давоми як сол бори дуввум дар ҳолати мастӣ ё сархушӣ ба даст меафтанд, мошинашонро мусодира хоҳанд кард.

Ин қонун ҳам ба шаҳрвандони Беларусия ва ҳам ба шаҳрвандони хориҷӣ тааллуқ дорад, ки дар ин кишвар паси фармони мошин менишинанд.

Даромаде, ки аз ҳисоби мошинҳои мусодирашуда ба даст меояд, ба ҳисоби давлат меравад ва ё ба ононе дода мешавад, ки дар ҳодисаҳои нақлиётӣ бо гуноҳи ронандаҳои маст зарар дидаанд.
XS
SM
MD
LG