Пайвандҳои дастрасӣ

Путин бо Лукашенко ва Янукович дар Минск мулоқот мекунад


Владимир Путин

Владимир Путин

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия ба нақша гирифтааст, ки дар ҳошияи мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Шӯрои иқтисодии АвруОсиё баъзе мулоқотҳои ҷиддӣ анҷом диҳад. Юрий Ушаков-мушовири Путин гуфт, ки раиси ҷумҳури Русия бо Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Беларусия мулоқот ва дар бораи моҷароҳои пиромуни ширкати Уралкалий гуфтугӯ хоҳад кард.

Владислав Баумгертнер-раиси кулли ин ширкати Русия аз моҳи августи соли ҷорӣ дар Минск дар боздошт ба сар мебарад. Минск вайро барои суистифода аз мақом гунаҳгор медонад.

Путин ҳамчунин бо Виктор Янукович-раиси ҷумҳури Украина мулоқот ва талошҳои ин кишвар барои наздик шудан бо Иттиҳодияи Аврупоро баррасӣ мекунад.
Имкон дорад, ки Киев дар моҳи ноябр бо Иттиҳодияи Аврупо қарордоди ҳамкорӣ имзо кунад, вале Русия талош дорад, ки Украинаро ба узвияти Иттиҳоди гумрукии АвруОсиё дарорад.

Дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Шӯрои иқтисодии АвруОсиё дар Минск Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ ширкат дорад.
XS
SM
MD
LG