Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии муштзанҳои тоҷик дар қаҳрамонии бокси дунё


Шаҳриёр Аҳмадов, охирин муштзани тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Алмаатои Қазоқистон дар чорякфинал шикаст хӯрд.

Шаҳриёр Аҳмадов шоми чоршанбеи 23-юми октябр дар рақобатҳо дар вазни то 52 кг дар даври чорякниҳоӣ аз Миша Алоян, қаҳрамони феълии ҷаҳон аз Русия бо ҳисоби 0:3 мағлуб гашт.

Ба ин тартиб, ҳамаи 7 муштзани тоҷик аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳои мусобиқот маҳрум шуданд. Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали мусобиқот муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 91 кг аз Леван Гуледани (Гурҷистон) аз рӯи холҳо бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Намояндаи дигари Тоҷикистон Ораз Афзалшоев низ дар даври аввал дар вазни то 56 кг аз рақибаш Ҷовид Чалабиев (Озарбойҷон) мағлуб гашт.

Инчунин муштзанҳои тоҷик - Наврӯз Ҷафоев, Меҳроҷиддин Каримов ва Анвар Юнусов дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд. Наврӯз Ҷафоев, ки дар рақобатҳо дар вазни то 75 кг аз даври аввал озод буд, дар даври 1/16-ниҳоӣ аз Азизбек Абдуғафуров (Узбакистон) дар сонияҳои охирини қувваозмоӣ бо нокдаун мағлуб шуд.

Меҳроҷиддин Каримов, мулаққаб ба «Гулливери тоҷик», дар вазни беш аз 91 кг нахустин қувваозмоияшро ба Кумар Сатиш (Ҳиндустон) бохт. Муштзани машҳури тоҷик Анвар Юнусов, ки аз даври аввал озод буд, дар даври дувум дар вазни то 60 кг аз Дайсуке Нариматсу (Ҷопон) аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 1:2 ноком шуд.

Шавкатҷон Раҳимов, ки дар даври аввал дар вазни то 64 кг бар Адилсон Ҷустино (Ангола) ғолиб омада буд, дар даври дувум бар рақиби пуртаҷрибааш Бранимир Станкович аз Сербистон пирӯз гашт. Вале Шавкатҷон дар даври севум қувваозмоиро ба Ермек Сакенов аз Қирғизистон бо ҳисоби 0:3 бохт.

Шаҳриёр Аҳмадов ягона муштзани тоҷик буд, ки дар рақобатҳо дар вазни то 52 кг ба чорякфинал баромад. Ӯ дар даври аввал бар рақибаш Александр Шепелюк аз Украина, дар даври дувум бар ҷоизадори Олимпиадаи Пекин-2008 Винчентсо Пикарди аз Италия, дар даври севум бар Янтони Маркано аз Пуэрто Рико ғалаба кард, вале дар даври чорякниҳоӣ аз Миша Алоян аз Русия шикаст хӯрд.

Қувваозмоиҳои даври ниманиҳоии мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон 25-уми октябр ва даври ниҳоӣ 26-уми октябр бидуни ширкати муштзанҳои тоҷик баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG