Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қотили Раббониро шиносоӣ кардаанд


Маъмурони амниятии Афғонистон мегӯянд, ки қотилони Бурҳониддин Раббонӣ, раиси ҷумҳури собиқи кишварро шиносоӣ кардаанд. Раҳматулло Набил, раиси Раёсати Амнияти Миллии Афғонистон гуфт, феҳрасти омилони қатли устод Раббонӣ, раиси пешини Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистонро ба вакилони порлумон ва ҳамчунин ҳамтоёни покистонии худ хоҳанд дод. Раҳматулло Набил гуфт, ки баъзе аз омилон боздошт шудаанд ва баъзе аз онҳо дар Покистон ҳастанд. Устод Бурҳониддин Раббониро соли 2011 як узви Толибон, ки худро қосиди сулҳи онҳо муаррифӣ карда буд, дар хонааш дар шаҳри Кобул кушт. Устод Раббонӣ аз соли 1992 то соли 1996 раиси ҷумҳури Афғонистон буд.
XS
SM
MD
LG