Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия ба аъзои Гринпис "раҳм" кард


Русия иттиҳомоти роҳзанӣ алайҳи 30 фаъоли созмони байналмилалии Гринписро лағв карда ва онҳоро ба авбошӣ муттаҳам кардааст. Дар ин бора Владимир Маркин, сухангӯи Кумитаи Тафтишотии Русия рӯзи чаҳоршанбе ба хабаргузориҳои русӣ иттило додааст. Дар вокуниш ба ин Иван Блоков, мудири намояндагии Гринпис дар Русия гуфт, ки бояд тамоми иттиҳомот алайҳи ин фаъолони муҳити зист лағв шавад. Мақомоти Русия 28 узви ин созмони байналмилалиро, ки шаҳрвандони 18 кишвар ҳастанд, ҳамроҳ бо ду хабарнигор моҳи сентябр боздошт карданд. Онҳоро бо киштиашон бо номи “Тулӯъи Арктика” баъд аз он дастгир карданд, ки мехостанд, ба нишони эътироз, ба як манораи нафткаши Русия дар Арктика бароянд. Дар Русия барои роҳзанӣ то 15 соли зиндон пешбинӣ кардаанд, аммо барои авбошӣ ҷазои сабук аст.
XS
SM
MD
LG