Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Балуҷистон як мансабдор рабуда шуд


Дар вилояти Балуҷистон, воқеъ дар ҷанубу ғарби Покистон, сиёсатмадори воломақоми маҳаллӣ Абдул Зоҳир Касӣ рабуда шуд. Афроди мусаллаҳи ношинос ӯро дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Квейта, маркази вилоят, аз мошинаш берун карда бо худ бурданд. Рабудани ӯ боиси эътирозҳо дар шаҳр шуд.

Масъулияти ин ҷиноятро ҳанӯз касе бар ӯҳда нагирифтааст. Дар чаҳорчӯби тафтиши ҳодисаи одамрабоӣ ронандаи мошини сиёсатмадор пурсуҷӯ шуд.

Абдул Зоҳир Касӣ узви раёсати Ҳизби миллии паштунии Авамӣ ва раҳбари яке аз қабилаҳои маҳаллист. Аксари ҳодисаҳои одамрабоӣ дар Балуҷистон ба хотири дарёфти пул рӯй медиҳанд.
XS
SM
MD
LG