Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина як санади барои Душанбе муҳимро тасвиб накард


Вакилони Верховнӣ Радаи Украина санади лағви баъзе аз молу маҳсулот аз низоми тиҷорати озод миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Украинаро тасвиб накарданд.

Хабаргузориҳои Украина рӯзи 23 октябр иттилоъ доданд, ки аз 450 вакили Рада ҳамагӣ 156 нафар пуштибонӣ кардааст ва ба ин далел ин санад ба тасвиб нарасидааст.

Санади мазкур дар ҳоли ба тасвиб расидан имкон медод, содироти бархе аз маҳсулот аз Украина ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷ сурат бигирад. Тоҷикистон аз Украина аз ҷумла чархаҳои нерӯгоҳҳоро ворид мекунад.
XS
SM
MD
LG