Пайвандҳои дастрасӣ

Як сокини Панҷ занашро ба қатл расондааст


Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 23-юми октябр иттилоъ дод, ки дар авоили ҳамин ҳафта сокини ноҳияи Панҷ Икромҷон Абдураҳмонов, дар манзили зисташ дар ҳолати мастӣ, бинбар сар задани як муноқишаи хонаводагӣ хонумаш Насиба Абдулоеваро ба қатл расонидааст. Вазорати корҳои дохилӣ сабаби аслии сар задани муноқишаи занушавҳариро дар мастии Икромҷон Абдураҳмонов пеш меорад. Ин манбаъ зикр мекунад, Икромҷон Абдураҳмонови сархуш аз рӯи қаҳр зани 28-солаи худро латту куб намуда, сипас ӯро буғӣ карда куштааст. Вазорати корҳои дохилӣ алайи Икромҷон Абдураҳмонов парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст ва феълан корҳои тафтишотӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG