Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Волии Ӯш: Бо Бадахшон мушкили марзӣ надорем


Намоиши маҳсулоти Ӯш дар Хоруғ

Намоиши маҳсулоти Ӯш дар Хоруғ

Волии вилоятии Ӯши Қирғизистон Сорунбой Ҷеенбеков ба Радиои Озодӣ гуфт, ки байни вилояти Ӯш ва вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)-и Тоҷкистон марзҳои баҳсх вуҷуд надоранд. Ба қавли волӣ, вилояти Ӯш танҳо дар як маҳал бо Тоҷикистон дар мавриди таъини хати марзи байни ду кишвар ихтилофи ҳанӯз ҳалношуда дорад, ки дар Чон-Олой воқеъ будааст. Сорунбой Ҷеенбеков гуфт: “Мо бо Бадахшон минтақаи баҳсии марзӣ тамоман надорем. Вилояти Ӯш танҳо як минтақаи баҳсӣ дошт дар Чон-Олой, аммо дар марз бо Бадахшон масъала пурра ҳал шудааст. Чон-Олой дар марз бо ноҳияи Ҷиргатоли Тоҷикистон ҷой гирифтааст. Тоҷикистон бо Қирғизистон дар минтақаи ВМКБ 82 километр марзи мушттарак дорад. Сорунбой Ҷеенбеков ҳоло дар раъси як куммиссиюни муштараки ҳамкориҳои минтақавӣ дар Хоруғ қарор дорад. Дар чорчӯби иҷлоси ин куммиссиюни намоишу фурӯши фаровардаҳои Ӯш дар Хоруғ низ баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG