Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Қаҳҳоров бо мақомоти рус дар бораи донишҷӯёни тоҷик


Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон.
Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон.

Дабири Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров мушкили донишҷӯёни тоҷик дар Русияро бо мақомоти ин кишвар баҳс кардааст.

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия гуфт, ки рӯзи сешанбе дар Маскав мулоқоти Абдураҳим Қаҳҳоров дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон бо Екатерина Егорова, муовини аввали сардори Хадамоти муҳоҷирати Русия сурат гирифтааст, ки дар он масъалаи ихроҷи донишҷӯёни тоҷик аз Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Даҳҳо донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекарданд, тайи як моҳи ахир бинобар вайрон кардани қоидаи будубош дар қаламрави Русия, ихроҷ шудаанд.

Малоҳат Назирова, намояндаи дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар робита ба ин масъала гуфт, ки то кунун масъалаи бозгашти донишҷӯён ҳалли худро наёфтааст ва онҳо дар Тоҷикистон мунтазири ҳалли ин масъала мебошанд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар назар аст, ки Cафиаллоҳ Девонаев, раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзҳои наздик ба Маскав сафар кунад ва яке аз масъалаҳое, ки бо Хадамоти муҳоҷирати Русия дар миён гузошта хоҳад шуд, сарнавишти донишҷӯёни тоҷик хоҳад буд.

Ахиран Хадамоти муҳоҷират бо мактуб ба роҳбарияти Хадамоти Федеролии муҳоҷирати Русия Константин Ромадановский муроҷиат намудааст, ки барои идома додани таҳсил ба донишҷўён Муҳаммад Соқиев, донишҷўи бахши 4-уми Академияи давлатӣ ҷангалпарварии шаҳри Воронеж, Сиёвуш Раҳматов, донишҷўи бахши 5-уми филиали Академияи гумруки ба номи В.Бобковаи шаҳри Санкт-Петербург, Муродалӣ Иноятов, донишҷӯи бахши 2-уми филиали Академияи гумруки ФР дар шаҳри Ростов, Саъдӣ Фатҳуллоев, донишҷӯи бахши 2-уми Коллеҷи энержии шаҳри Конаковаи вилояти Твер, Саид Ҳабибӣ, донишҷӯи бахши 1-уми Донишгоҳи электротехникии Санкт-Петербург ва дигарон имконияти дубора ворид шудан ба қаламрави Россияро диҳанд, то донишҷӯёни мазкур тавонанд таҳсили худро идома диҳанд.

Ҳамакнун дар донишгоҳҳои гуногуни Русия садҳо нафар аз донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд.
XS
SM
MD
LG