Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 5 кас дар Свот барои издивоҷи як ноболиғ


Полиси минтақаи Свот, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, панҷ мардро барои даст доштан дар издивоҷи як духтараки 6-сола боздошт кард.

Корманди полис Довуд Хон ба Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ, гуфт, ки ду хонавода дар деҳаи дурдасти Базхела издивоҷи ин духтарак бо навраси 16-соларо ташкил кардаанд. Ӯ афзуд, ки кормандони полис дар як амалиёт дар ин деҳа панҷ нафар, аз ҷумла, домод, падари ӯ, муллои ақди никоҳ баста ва ҳамчунин ду шоҳид дар маросими издивоҷро ба ҳабс гирифтанд. Довуд Хон афзуд, полис айни ҳол падари фироркардаи духтаракро ҷустуҷӯ дорад. “Арӯс”-и ноболиғ ба сарони қабила супурда шудааст.

Бар пояи қавонини Покистон, духтарони ба синни 16-солагӣ расида метавонанд издивоҷ кунанд, аммо издивоҷи кӯдакон то ҳол дар манотиқи дурдасти кишвар фаровон сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG