Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД мегӯяд, раиси ширкати роҳи оҳанро низ "мавриди пурсиш" қарор додааст


Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ (Акс аз бойгонӣ)
Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ (Акс аз бойгонӣ)

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳам Расули Амонуллоҳ ва ҳам падари модари ӯро дар робита ба садамаи шаби 9 октябр "мавриди пурсиш" қарор додааст.

Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) дар як иттилоияи расмӣ, ки рӯзи 24 октябр дар сомонааш нашр шуд, мегӯяд, тафтишот Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ - раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистонро низ мавриди пурсиш қарор додааст: "дар рафти тафтиши парвандаи ҷиноятии садамаи нақлиётии шаби 8-ум ба 9-уми октябри соли равон дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе рух дода, иштирокчии он Расули Амонулло ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шуда, ӯ ва падару модараш низ мавриди пурсиши мақомоти тафтишотӣ қарор дода шуданд."

Бино ба ин манбаъ, дар ҳоли ҳозир, "барои дақиқ муайян намудани ҳолатҳои ҳодисаи мазкур як қатор экспертизаҳо таъин карда шудаанд. Аз ҷумла, экспертизаи автотехникӣ-трассологӣ, судӣ-тиббӣ, автотехникӣ ва наворшиносӣ, автотехникӣ ва аксшиносӣ, автотехникӣ таъин карда шуда аст, ки пас аз гирифтани хулосаҳо, мақомоти тафтишотӣ нисбат ба парвандаи ҷиноятӣ қарори қонунӣ қабул менамояд."

Ин дар ҳолест ки як рӯз пеш байни вазорати корҳои дохилӣ ва Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раиси ширкати роҳи оҳан ва падари Расули Амонуллоҳ бар сари шахси нафаре, ки дар соати садама сари фармони мошин буд, баҳси лафзие сурат гирифт. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон изҳороти ахири раиси ширкати роҳи оҳан дар бораи дар замони садамаи шаби 9 октябр сари фармони мошин набудани писари ӯро беасос номид.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилӣ иддаои Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ва падари Расули Амонуллоҳро дар бораи садамаи марговар зери суол бурд.

Маҳмадулло Асадуллоев рӯзи 23 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарфҳои Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ дар мавриди гӯё дар замони садама сари фармон набудани Расули Амонуллоҳ асос надоранд: «Расул ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст, чӣ хел дар сари фармон набуд? Тафтишот муайян мекунад, ки дар сари фармон буд ё набуд?»

Ҷаноби Асадуллоев афзуд, кормандони мақомот сари вақт ба ҷои садама ҳозир шуда, дар мавриди ҳама чизи марбутаи он санад тартиб доданд, онҳоеро, ки ҷароҳат бардошта буданд, ба бемористон бурданд ва дар мавриди ҳодисаи рухдода иттилоъ пахш кардаанд.

Изҳороти раиси ширкати роҳи оҳан ва посухи ВКД
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
Линки мустақим


Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ дар изҳороташ, ки дафтари матбуоти ширкати роҳи оҳан рӯзи 23 октябр, танҳо ду ҳафта баъд аз садамаи ҳалокатбори шаби 9 октябр нашр кард, гуфтааст, "садамаи мазкур пурасрор боқӣ мемонад. Мумкин нест, ки дар замони садама Расул пушти фармон нишаста бошад.»

Ҳарчанд дар иттилоте, ки дафтари матбуоти вазорати умури дохилӣ рӯзи 9 октябр пахш кард, ронандаи мошине, ки ба садама дучор шудааст, зикр нашуда буд, аммо ин ниҳод рӯзи 11 октябр гуфт, «тафтишот муайян кард, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», рақами қайди давлатиаш 20-20 РТ 01 шаҳрванд Расули Амонуллоҳ соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе дар хиёбони Рӯдакӣ аз тарафи кӯчаи Теҳрон ба самти кӯчаи Ф.Ниёзӣ ҳаракат карда, ба нақлиётии тамғаи «ВАЗ-21014» рақами қайди давлатиаш 80-36 ВВ 01, таҳти идораи ронанда Саидов Аловуддин Аҳлиддинович соли таваллудаш 1991, сокини кӯчаи Хуҷамбиёи болои шаҳри Душанбе, бархӯрда, садамаи нақлиётӣ рух додаст».

Амонуллоҳи Ҳукуматулло дар изҳороташ афзудааст, агар писараш гунаҳкор бошад, бигузор тибқи қонун ҷазояш диҳанд, вале ба ақидаи ӯ, матбуот мунтазири анҷоми тафтишот наистода, дар бораи писари ӯ Расули Амонуллоҳ маълумоти бардурӯғ паҳн мекунад. Ин изҳорот дар нашрияи "Нақлиёт"-и вазорати нақлиёти Тоҷикистон нашр шудааст. Раиси ширкати роҳи оҳан аммо баъди садамаи шаби 9 октябр, ки 3 кушта ба ҷо гузошт, ба Олмон рафтани писарашро тасдиқ карда, вале гуфтааст, ки ӯ ҳанӯз як ҳафта пеш аз ин ҳодиса билет харида буд.

Амонуллоҳи Ҳукматуллоҳ гуфтааст, барои таҳияи асноди чунин сафар беш аз як моҳ лозим аст, вале аз соати дуи шаби 9 октябр то соати ҳашти субҳ, ки ӯ ба Олмон парвоз кард, "чаро касе аз мақомоти марбута ӯро суроғ накард?"
Маҳмадулло Асадуллоев гуфт, ҳоло Расули Амонуллоҳ табобат мегирад, аммо дар бораи дар кадом беморхона будан ё набудани вай иттилоъ надорад. Ин дар ҳолест, ки қаблан Вазорати умури дохилӣ гуфта буд, ки Расул дар бемористон аст ва аксҳои ӯро аз бемористон нашр кард.

Дар иттилои ахири ин вазорат дар иртибот ба ҳодисаи мазкур бори аввал номи «иштирокчӣ»-и дигари ин ҳодиса Умар Шарифов зикр шуд, аммо сухангӯи вазорат сабаби ба ин дерӣ пайдо шудани номи ширкаткунандаи дигари садама ва ҷабрдида ё гумонбар будани ӯ чизе нагуфт.

Шокир Маҳкамов, яке аз онҳое, ки дар ин садама ҷароҳат бардоштааст.
Шокир Маҳкамов, яке аз онҳое, ки дар ин садама ҷароҳат бардоштааст.
Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ дар сари фармон будани писарашро ғайриимкон медонад, аммо наздикони Шокир Маҳкамов, яке аз онҳое, ки дар ин садама ҷароҳат бардоштааст, мегӯянд, «чанд вақт шуд, ҳар рӯз ба хабаргирӣ меоянд, маблағи доруҳоро мепардозанд, аммо намегӯянд, ки кистанд.»

Бисёриҳо мегӯянд, ки шояд дар пушти ин кӯмакҳо афроди наздик ба раиси ширкати роҳи оҳан истода бошанд. Вале худи ӯ дар изҳороти ахираш ба "таҳқиқи одилона"-и ин қазия даъват карда, вале ҳарфе барои ҳамдардӣ ба наздикони қурбониёни ин садама нагуфтааст.

Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ дар ин изҳорот баъди садамаи шаби 9 октябр, ки 3 кушта ба ҷо гузошт, ба Олмон рафтани писарашро тасдиқ карда, вале гуфтааст, ки ӯ ҳанӯз як ҳафта пеш аз ин ҳодиса билет харида буд. Амонуллоҳи Ҳукматуллоҳ гуфтааст, барои таҳияи асноди чунин сафар беш аз як моҳ лозим аст, вале аз соати дуи шаби 9 октябр то соати ҳашти субҳ, ки ӯ ба Олмон парвоз кард, "чаро касе аз мақомоти марбута ӯро суроғ накард?" Оқои Ҳукуматуллоҳ афзудааст, "садамаи мазкур пурасрор боқӣ мемонад. Мумкин нест, ки дар замони садама Расул пушти фармон нишаста бошад."

Раиси ширкати роҳи оҳан гуфтааст, хостори кадом мансаби баланд нест, ки "маро дар чашми раҳбарони давлат сиёҳ кунанд." Ӯ гуфтааст, намедонад, ки чаро дар атрофи ин садама ин қадар ғавғо бардоштанд? Ба назари ӯ, ин ҳама шояд кори дасти нафарони манфиатҷӯе бошад, ки мехоҳанд ӯро дар назди раҳбарони кишвар беобрӯ кунанд.

Дар натиҷаи садамае, ки соати дувуними шаби 9 октябр дар маркази Душанбе рух дод ва имрӯз ба номи Расули Амонуллоҳ рақам зада мешавад, Саидов Аловуддин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ду мусофири дохили автомашинаи мазкур Исмоилова Сурайё, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Турсунзода, ва Уктам Мансуров, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Душанбе ва писари раиси чойхонаи "Роҳат", дар бемористон ба ҳалокат расиданд. Се нафари дигар дар натиҷаи ин садама захмҳои сангин бардошта, дар Маркази миллии тиббӣ бистарӣ шудаанд.

"Расулро дуохонӣ бурдаанд"

Акси Расули Амонуллоҳ дар бемористон
Акси Расули Амонуллоҳ дар бемористон
Қаблан гузориш шуда буд, ки Расули Амонуллоҳ ҳамагӣ чанд соат баъд аз садама ба Олмон парвоз кардааст. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи 22 октябр хабар дод, ки ӯ баргаштааст ва феълан дар бемористон аст. Дар сомонаи вазорат ду акси ӯ низ нашр шуд, ки писари раиси ширкати роҳи оҳанро бо дасти докапеч рӯи кати беморӣ дар бемористони ин ширкат намоиш медод. Аммо ба дунбол "Озодагон" хабар дод, ки Расули Амонуллоҳ баъди докабанд кардани дасташ ва акс гирифтан бо модараш бемористонро тарк кардааст.

Салоҳиддин Рустамов, сардухтури бемористони ширкати роҳи оҳан рӯзи 23 октябр ба хабарнигори нашрияи "Фараж" гуфтааст, ки Расул феълан дар ин бемористон нест, чунки "ӯро пеши мулло дуохонӣ бурдаанд."

Мақомоти расмӣ Расули Амонуллоҳро 16-сола, вале бархе манобеъи дигар 18-сола ном мебаранд. Ӯ писари раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ аст, ки дар пайи ин садама таҳти оташи интиқодот қарор гирифтааст. Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ аз хешовандони наздики раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буда, дар аҳди раёсати ӯ ба мақомҳои баланди давлатӣ даст ёфтааст.

Бино ба тарҷумаи ҳоли Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, ки хабаргузории Tojnews.tj нашр кардааст, ӯ 1 майи соли 1951 дар ноҳияи Коммунистӣ ( ҳоло - Бохтар)-и вилояти вақти Қӯрғонтеппа (ҳоло -Хатлон) ба дунё омада, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ дар замони Шӯравӣ ба ҳайси фурӯшандаву мудири мағоза, раиси коргоҳи корхонаи консерви Қӯрғонтеппа, раиси хоҷагии ангурпарварӣ ва мудири дӯкони фурӯши маводи сӯхт(АЗС) кор кардааст.

Парвози ӯ ба мансабҳои баланд баъди рӯи кор омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта, Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ соли 1995 аз шаҳри Қӯрғонтеппа вакили парлумон интихоб шуда буд. То соли 2002 депутати Маҷлиси Олӣ ва баъд аъзои Кумита оид ба илм, маориф ва сиёсати ҷавонон интихоб шуд. То соли 2002 роҳбари ширкати давлатии «Нафтрасон» буд ва моҳи январи соли 2002 раҳбари ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон таъйин шуд.

XS
SM
MD
LG