Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муштзани тоҷик дар қаҳрамонии бокси дунё ба чорякфинал баромад


Шаҳриёр Аҳмадов, муштзани тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Алмаатои Қазоқистон ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Шаҳриёр Аҳмадов дар рақобатҳо дар вазни то 52 кг дар даври севум шоми сешанбеи 22-юми октябр бар Янтони Маркано аз Пуэрто Рико бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Муштзани тоҷик дар даври чорякниҳоӣ шоми имрӯз, 23-юми октябр, бо Миша Алоян, қаҳрамони феълии ҷаҳон аз Русия рақобат мекунад.

Дарвоқеъ, Шаҳриёр Аҳмадов танҳо муштзани тоҷик аст, ки дар мусобиқоти ҷаҳонӣ муборизаро барои медалҳо идома медиҳад. Ӯ дар даври аввал бар рақибаш Александр Шепелюк аз Украина ва дар даври дувум бар ҷоизадори Олимпиадаи Пекин-2008 Винчентсо Пикарди аз Италия дастболо шуда буд.

Бояд гуфт, ки аз 7 муштзани тоҷик то имрӯз 6 нафар аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳои мусобиқот маҳрум гаштанд. Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали мусобиқот муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 91 кг аз Леван Гуледани (Гурҷистон) аз рӯи имтиёзҳо бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Намояндаи дигари Тоҷикистон Ораз Афзалшоев низ дар даври аввал дар вазни то 56 кг аз рақибаш Ҷовид Чалабиев (Озарбойҷон) мағлуб гашт.

Инчунин муштзанҳои тоҷик - Наврӯз Ҷафоев, Меҳроҷиддин Каримов ва Анвар Юнусов дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд. Наврӯз , ки дар рақобатҳо дар вазни то 75 кг аз даври аввал озод буд, дар даври 1/16-ниҳоӣ аз Азизбек Абдуғафуров (Узбакистон) дар сонияҳои охирини қувваозмоӣ бо нокдаун мағлуб шуд.

Меҳроҷиддин, мулаққаб ба «Гулливери тоҷик», дар вазни беш аз 91 кг нахустин қувваозмоияшро ба Кумар Сатиш (Ҳиндустон) бохт. Муштзани машҳури тоҷик Анвар Юнусов, ки аз даври аввал озод буд, дар даври дувум дар вазни то 60 кг аз Дайсуке Нариматсу (Ҷопон) аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд.


Шавкатҷон Раҳимов, ки дар даври аввал дар вазни то 64 кг бар рақибаш Адилсон Ҷустино (Ангола) ғолиб омада буд, дар даври дувум бар рақиби пуртаҷрибааш Бранимир Станкович аз Сербистон пирӯз гашт. Вале Шавкатҷон дар даври севум қувваозмоиро ба Ермек Сакенов аз Қирғизистон бо ҳисоби 0:3 бохт.

Қувваозмоиҳои даври чорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон имрӯз, 23-юми октябр, даври ниманиҳоӣ 25-уми октябр ва даври ниҳоӣ 26-уми октябр баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG