Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рейд алайҳи донишҷӯёни мошинсавор дар Душанбе


Бозрасони автомобилии ҷумҳурӣ бо мақсади ҷилавгирӣ аз садамаҳо, ки бо айби ҷавонон ва ба хусус донишҷӯёни мошинсавор рух медиҳад, дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе як рейди 10 рӯзаро оғоз кардааст. Дафтари матбуоти БДА рӯзи 23 октябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз мизони рӯзафзуни садамаҳо, ки бо айби ҷавонону наврасон ва донишҷӯёни мошинсавор рух медиҳад, тайи даҳ рӯзи оянда корманди ин ниҳод рейди махсусро анҷом хоҳанд дод. БДА-и ҷумҳурӣ мегӯяд, ки тақрибан 40 дарсади вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ба вижа садамаҳо ба ҷавонону наврасон ва донишҷӯёни мошинсавор рабт доштааст.
БДА-и ҷумҳурӣ ба унвони намуна ҳодисаи садамаи шаби 8 ба 9 октябрро, ки ба кушта шудани 3 шаҳрванд ва маҷрӯҳ шудани 3 сокини дигар анҷомид, зикр намуд, ки бо айби Расули Амонуллои 16 солаи ноболиғ, фарзанди раиси Идораи роҳи оҳани кишвар рух додааст. Дафтари матбуоти БДАи ҷумҳурӣ меафзояд, ки теъдоди донишҷӯёни мошинсавор дар нисбати даҳ соли ахир афзудааст, ки онҳо бо мошинҳои худ ба донишгоҳҳо меоянд, ки тибқи Қонуни масъулияти падару модар, манъ карда шудааст. Рейди мазкур 22 октябр оғоз шуда то 31 октябр идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG