Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи Афғонистон: 10 номзад монд ва 16 тан ҳазф шуд


Доктор Абдуллоҳ, раҳбари Ҷабҳаи миллӣ аз ҷиддатарин номзадҳои интихобот ба шумор меравад.

Доктор Абдуллоҳ, раҳбари Ҷабҳаи миллӣ аз ҷиддатарин номзадҳои интихобот ба шумор меравад.

Шонздаҳ тан аз номзадҳои эҳтимолии интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон аз феҳристи ибтидоӣ ҳазф шудаанд.

Юсуф Нуристонӣ, раиси Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон пас аз чошти рӯзи сешанбе дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ин 16 нафар асноди худро дуруст таҳия накардаанд ва бинобар нақзи қонун, натавонистанд ба рақобатҳои интихоботӣ роҳ ёбанд.

Бештари ононе, ки аз феҳрист хат зада шуданд, шахсиятҳои маъруф нестанд, аммо Анварулҳақ Аҳадӣ-вазири пешини тиҷорату молия аз ҷумлаи шахсиятҳои маъруфи ин феҳрист мебошад.

Ба гуфтаи манобеъ дар Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон, аз миёни 26 номзад, танҳо даҳ нафар ба шумули Абдуллоҳи Абдуллоҳ, Абдураб Расули Сайёф, Қутбиддин Ҳилол, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, Абдураҳим Вардак, Зулмай Расул, Нодир Наъим, Қаюм Карзай, Гул Оғо Шерзай ва Ҳидоят Амин Арсало ба унвони номзадҳои эҳтимолии интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон муаррифӣ шудаанд.

Анварулҳаққ Аҳадӣ, Исҳоқ Гелонӣ, Бисмиллоҳ Шер, Фазлкарим Наҷимӣ, Ҳашмат Ғанӣ Аҳмадзай, Сарвар Аҳмадзай, Ҳамидуллоҳ Қодирӣ, Довуд Султонзай, Азизуллоҳ Лудин, Салмоналӣ Дӯстзода, Форуқи Аъзам, Абдулҳодӣ Дабир, Нур Раҳмон Лийвол, Доктор Аҳмад Нодӣ ва Нодир Аҳмадшоҳ Аҳмадзай аз ҷумлаи номзадҳоеанд, ки аз феҳристи ибтидоии номзадҳои интихоботи президентии Афғонистон ҳазф шудаанд.

Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон гуфтааст, агар номзадҳои ҳазфшуда битавонанд собит кунанд, ки исноди ироашудаашон ба комиссия дуруст мебошад, метавонанд дар феҳристи ниҳоӣ роҳ пайдо кунанд.

Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон мегӯяд, то 25 рӯзи дигар феҳристи ниҳоии номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳури соли ояндаро эълом хоҳад кард.
Интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон дар таърихи 5-уми апрели соли оянда баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG