Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Илҳом Алиев кобинаи нави худро таъйин кард


Илҳом Алиев
Илҳом Алиев
Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури Озарбойҷон, ки баъд аз пирузӣ дар интихобот рӯзи шанбе барои бори севвум нишастан ба курсии раёсати ҷумҳурӣ савганд ёд кард, аъзои кобинаи нави худро таъин кардааст.

Раҳбарии ин кобинаро Артур Ризозода-нахуствазир бар уҳда хоҳад дошт. Яке аз тағироти аслӣ ин аст, ки вай Зафар Абиев-вазири “дарозумр”-и дифоъро иваз кардааст. Зокир Ҳасанов-раиси ситоди вазорати дохила низ иваз шудааст.

Аз Абиев ҳамеша матбуоти мустақил ва мухолифон интиқод мекарданд ва мегуфтанд, ки вай дар ришвахорӣ ва баъзе кушторҳо дар артиш низ даст дорад.
XS
SM
MD
LG