Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Онишенко ҳанӯз курсии мансабро сар надодааст


Геннадий Онишенко

Геннадий Онишенко

Хабар дар бораи истеъфои Геннадий Онишенко-раиси Роспотребнадзор то ҳол ниҳоӣ нашудааст.

Хабар дар бораи истеъфои Геннадий Онишенко-раиси Роспотребнадзор баъд аз нисфирӯзии 22 октябр пахш шуд. Онро хабаргузориҳо аз қавли Олга Голодец-муовини нахуствазири Русия ба нашр расонданд. Хонум Голодец эълон кард, ки мӯҳлати салоҳияти Онишенко ба поён расидааст.

Вале баъд аз 50 дақиқаи пахши ин хабар худи Онишенко ин хабарро рад кард ва бо лаҳни шадид чунин изҳорот дод: “Одами аҷибу ғариб аст, ки чунин хабар пахш мекунад. Вай аз ҷумлаи ононе нест, ки ин гуна тасмим мегиранд”.

Бо вуҷуди ин дар давоми 50 дақиқа ин “истеъфо”-ро мақомоти баландпояи Русия ба таҳлил гирифтанд. Масалан, Вероника Скворцова-вазири тандурустӣ яке аз онҳо буд. Ҳамзамон Наталия Тимакова-сухангӯи нахуствазир Дмитрий Медведев ба Интерфакс хабар дод, ки “дастур дар бораи истеъфои раиси Роспотребнадзор то ин лаҳзаҳо имзо нашудааст. Вай мақомашро ҳифз хоҳад кард ва ё тарк хоҳад кард, ба тасмими Дмитрий Медведев бастагӣ дорад”. Вале Тимакова илова кард, ки “мӯҳлати кори Онишенко дар мақоми давлатӣ ба поён мерасад”.

Аммо нуктаи ҷолиб ин аст, ки ҳам Олга Голодец-муовини нахуствазир, ки ин хабарро эълон кард ва ҳам Медведев бо сухангӯяш Наталия Тимакова дар ин рӯзҳо дар Чин қарор доранд. Медведев аз он кишвар боздиди расмӣ анҷом медиҳад.

Агар Геннеадий Онишенко ба истеъфо наравад, дар он сурат ин дуввумин “хабари дурӯғ”хоҳад буд, ки роҷеъ ба аъзои кобинаи Дмитрий Медведев дар соли ҷорӣ пахш мешавад. Моҳи июн низ гӯё ҳакерҳо ба торнамои ҳукумат роҳ ёфтанд ва хабареро дар бораи истеъфои Владимир Якунин-раиси ширкати роҳи оҳани Русия пахш карданд.

Станислав Белковский-сиёсатшиноси рус мегӯяд, бидуни дарназардошти он, ки Обҳои барҷомии Гурҷистон

Обҳои барҷомии Гурҷистон

истеъфои Онишенко шухӣ аст ё ҳакерҳо онро пахш кардаанд, вале он мустақиман аз Владимир Путин бармеояд. Белковский мегӯяд: “Истеъфои Онишенко рӯйдоди таърихист ва он ба ҳодисаи моҳи августи соли 1991 шабоҳат дорад, ки дар майдони Лубянкаи Маскав муҷассамаи Феликс Дзержинскийро сарнагун карданд. Онишенко, албатта, сад дарсад самбул ва чеҳраи режими кунунии Русия аст. Вале вай вақтҳои охир хеле бо Медведев наздик шудааст ва ҳар гуна дастури вайро иҷро мекунад”.

Масалан, Роспотребнадзор дар муноқиша бо "Уралкалий" даст дошт, ки дар натиҷаи он Владислав Баумгертнер-раиси кулли ширкат боздошт ва зиндонӣ шуд. Онишенко шадидан ба фаровардаҳои ширии Белорусия дарафтод ва ҳамаи онҳоро тафтиш мекард. Дар ин масъалаҳо бори аввал бо манофеи Путин ихтилофи назар пайдо шуд ва Путин ишора кард, ки Онишенко дар тафтиши фаровардаҳои ширии Белорусия шитоб кардааст.

Онишенко ҳамчунин молу колоҳои воридотии Литва ба Русияро тафтиш кард ва Фаровардаҳои ширии Литва

Фаровардаҳои ширии Литва

фаромӯш кард, ки Литва раиси даврии Иттиҳодияи Аврупо мебошад. Иттиҳодияи Аврупо ба Путин гӯшзад кард, ки Русия бо чунин кор ҳадафҳои тиҷоратиро дунбол мекунад, вале муноқишае, ки бо Иттиҳодияи Аврупо сар зад дар ҳамин замина буд ва ангезаи сисёсӣ гирифт. Чунин кор ба Путин комилан писанд набуд. Бо назардошти чунин ҳол таҳлилгарони рус мегӯянд, ки “сари калоба” дар дасти Путин аст ва истеъфои Онишенко аз он ҷо сарчашма мегирад.

Корномаи Онишенко бо ин чанд мисол поён намеёбад. Меваҳои хушки Тоҷикистон ва муҳоҷирони кории он низ аз ҷабри вай дар канор намондаанд.
Гузашта аз ин, паниру шоколадҳои Украина, шароби Гурҷистону Молддова, оби маъдании Гурҷистон, гӯшту шири Беларус, гӯшти Полша, сушиҳои Ҷопон ва ҳатто чизбургерҳои Амрико аз дасти Онишенко ба “масъалаи сисёсӣ” табдил шуда буд. Ҳатто қаторҳои роҳи оҳани Тоҷикистон ба сабаби таъхир дар тасвиби қарордоди пойгоҳи низомӣ бо Русия ба ҷабру ҷафои Онишенко гирифтор шуда буданд. Шояд акнун курсиаш ба ларза даромадааст, вале рӯшан нест, ки ин курсиро кай раҳо мекунад.
XS
SM
MD
LG