Пайвандҳои дастрасӣ

18 дарсад афзудани ҷинояткорӣ дар байни толибилмон


Вазорати маорифи Тоҷикистон аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни хонандагони мактабҳои миёна хабар дод. Тибқи иттиллоъи ин вазорат,дар 9 моҳи соли ҷорӣ 530 ҷиноят аз ҷониби ноболиғон сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 92 ҷиноят ва ё 18 дарсад зиёд мебошад. Фатҳиддин Исмонов -муовини вазири маорифи Тоҷикистон зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти нӯҳмоҳаи вазорат гуфт, дар вилояти Хатлон 157 ҷиноят, дар Суғд 106 ҷиноят, дар шаҳри Душанбе 163 ҷиноят ва дар ноҳияҳои тобеъи марказ 83 ҷиноят аз ҷониби ноболиғон сабт шудааст. Вазъи ҷиноӣ миёни толибилмон танҳо дар вилояти Бадахшон, ки имсол шоҳиди ҳамагӣ 3 мавриди даст ба ҷинроят задани хонандагони макотиб шудааст, мӯътадил хонда мешавад. Дар макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон ҳудуди 2 миллион нафар таҳсил мекунанд.
XS
SM
MD
LG